Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед, мудири шуъбаи иқтисод ва саводи МИҲД-и ноҳия Эшматов Зуриддин, мудири бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии ноҳия Муҳсин Дадоматов, сардухтури Стансияи санитари эпидемиологии ноҳия Мирзоев Муродҷон, сардори раёсати назорати давлатии бойторӣ дар ноҳия Ҳошимов Умед бо масъулони бозорҳо ва қассобони ноҳия вохӯрӣ доир гашт.
Муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед дар баромади худ иброз дошт, ки мақсади асосии вохурӣ ин ҷиҳати таъмини назорати нарху навои маводи ғизоӣ мувофиқи комиссияи нархгузории МИҲД-и ноҳия дар бозорҳо ва нуқтаҳои гӯштфурӯшӣ мебошад.
Инчунин ба масъулини бозорҳои ноҳия кормандони идораи бойторӣ, СЭС ва қассобон барои сифатнокии кори савдо, либоси ягонаи фурӯшанда, паст кардани нархи маҳсулоти гӯштӣ, ворид накардани маҳсулоти гуштии пастсифат ва фурӯши он супоришҳо дода шуд.
Маҳмудзода Ҷамшед ба фурӯшандагони маҳсулоти гӯштӣ ҷиҳати
- Таъмини тозагии нуқтаи фуруши гӯшт ва ободонии гирду атрофи он;
- Дар ҳар як нуқта доштани сертификати бойторӣ оид ба саломатии чорво пеш аз забҳ ва сертификати сифати гӯшт пеш аз фурӯш;
- Риояи талаботҳои сифатии гӯшти ба фурӯш баровардашаванда;
- Таъмини либоси махсуси корӣ ва назорати тозагии он;
- Таъмини асбобу анҷомҳои қассобҳо, ҳолати хуби корӣ ва тозагии онҳо (корд, табар, тағора, зеркунда ва ғайра);
- Таъмини қуттиҳои махсус барои ҷамъкунии устухон ва дигар партовҳои маҳсулоти чорво;
- Риояи қоидаҳои нигоҳдории зеркундаҳо (ҳар рӯз баъди кор тоза ва бо намак рӯйпуш намудани онҳо);
- Ташкили ҷойи махсус барои риояи гигиенаи фурӯшандагони гӯшт;
- Гузаштан аз муоинаи давравии тиббӣ дар 6 моҳ як маротиба, бо худ доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муоинаи тиббӣ;
- Ташкили ҷойи махсус барои нигоҳдорӣ ва фурӯши дигар маҳсулоти чорво (калла поча, пуст, чарбу ва ғайра);
- Дар мавсими гармо (баҳору тобистон) таъмин намудани шароит барои нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти гӯштӣ;
- Аз қайди андоз гузаштани тамоми фурӯшандагони маҳсулоти гӯштӣ;
вазифагузорӣ намуд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед ба фурӯшандагони маҳсулоти гӯштӣ супориш дод, ки бо мақсади дастгирии истеъмолкунандагон нархи 1 кг гушти гов 33-35 сомонӣ, гушти лахм 46 сомонӣ, гушти гусфанд 38 сомонӣ ва гушти буз 37 сомонӣ муайян карда шавад.
Қаблан дар бозорҳои ноҳия нархи 1 кг гушти гов 38сомонӣ , гушти лахм48-50 сомонӣ ва гушти гусфанд 40-42 сомонӣ арзиш дошт.