Дар пойгоҳи обкашии Чумчуқ-ҷари ноҳия 6 адад дастгоҳои обкашии тамғаи Д6300-80 (24-НДС) насб карда шуд. Дар ин бора аз идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия иттилоъ доданд.
Зариф Мирдадо иҷрокунандаи раиси ноҳия аз пойгоҳи обкашии мазкур дидан намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Воҳидов Иброҳимҷон сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия гуфт, мушкилоти асосии пойгоҳҳои обкашӣ фарсуда будани қубурҳои обгузар аст, ки ба садамаи техникӣ оварда мерасонад. Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷой дошта, аз ҳисоби захираҳои дохилии корхона дар соли 2016 6 адад қубурҳои оҳанини қутраш 1000 миллиметраро дар масофаи 72 метр иваз намудем, ки барои таъмини обёрии заминҳо мусоидат намуд.
Барои таъмири пойгоҳҳои обкашӣ дар ҳудуди ноҳия раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ 200 ҳазор сомон маблағ ҷудо намуданд. Ҳамзамон аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия 200 ҳазор сомон маблағ барои таъмир ва бартарафсозии камбудӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ ҷудо гардидааст. Барои харидории 5 тона сӯзишворӣ ва тоза намудани лойи пойгоҳҳои обкашӣ аз ҳисоби буҷаи МИҲД вилоят 25 ҳазор сомон маблағ ҷудо шудааст.
Дар ҳудуди ноҳия 20 адад пойгоҳи обкашӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 80 адад дастгоҳҳои обкашӣ насб карда шудаанд. Аз 80 адад дастгоҳҳои обкашӣ 44 адад ба мавсими обёрӣ омода мебошанд.