НАСЛИ ОЯНДАСОЗ ТАРБИЯ НАМОЕМ, НА ОЯНДАСӮЗ

 135 боздид

Дирӯз, санаи 24 декабр дар Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт мулоқоти Раиси ноҳия дар мавзӯи “Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем” бо наврасону ҷавонон, варзишгарон ва дигар қишрҳои ҷомеа баргузор шуд.

Аввалан, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи зинда аз ҷониби ширкаткунандагон сароида шуд.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо дар назди ҳозирин бо маърӯзаи муфассал ҷиҳати пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҳадафҳои ғаразноки ТЭТ ҲНИ ва роҳҳои пешгирии ин ҳаводиси нохушоянд баромад кард.

Қайд карда шуд, Тоҷикистон ҷиҳати муборизаи пайваставу самарабахш алайҳи вабои аср—терроризм ва экстремизм шарики боэътимоди кулли кишварҳои мубориз аст. Давлати ҷавон, вале таҷрибадори тоҷикон барои амалӣ шудани ҳадафҳо дар самти аз байн бурдани ин вабои аср иқдомҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ намудааст.

Воқеан вазъи ҷаҳони имрӯз ҷиҳати паёмадҳои амалҳои террористӣ нигаронкунанда аст ва аз ҳар нафар зиракии сиёсӣ, гиромӣ доштани арзишҳои фарҳангиву миллӣ, донистану дарк намудани ҳадафҳои ғаразноки ин қувваҳои муташаккилу хатарнокро талаб мекунад. Имрӯз тоҷикон ва тоҷикистониён нисбати чанд соли пеш дарк кардаанд, мазмуну муҳтавои нақшаҳои хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои ифротгароро.

Амалиёти мусаллаҳонаи генерали хоин Абдуҳалим Назарзода—4.09.2015, ҳамлаи ноҷавонмардона ба сайёҳони хориҷӣ, амалиёти хоинонаву хиёнаткоронаи чанде аз нохалафон вақти ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”—рӯзҳои таҷлили 25-солагии Конститутсияи кишвар ва боз чандин амалҳои онҳо бори дигар нақшаҳои ғаразнок, аммо амалинашавандаи онҳоро бозгӯ намуд.

Имрӯз дар ноҳия 84 нафар дар кофтукови ҷиноятӣ қарор доранд ва 1 нафар ба Ватан баргардонида шудааст, ки ин ҳар нафарро, чӣ хурду чи бузург ҳушдор медиҳад, бетарафу бемасълият набошем. Ҳамдарди ҷомеа, наздику қарини пайвандон, пурсандаи ҳолу аҳволи фарзандон, огоҳ аз дӯстон бошем. Аз кору бору машғулияти фарзандон огоҳ бояд буд, чӣ бузургсолу чӣ хурдсол, чӣ муҳоҷир ва чӣ наздик. Агар наздик аст, ҳамнишинаш кист, агар дур аз куҷо маблағ мефиристад…

Раиси ноҳия аз пешниҳоди ҷавонон дар вохӯрии қаблӣ ёдовар шуданд, ки он бунёди майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ буд. То имрӯз 34 толори варзишӣ рӯйи кор омадаву дар нақша ҳаст, то ҷашни 30-солагии Истиқлолият боз 30 майдонҳои сунъии варзишӣ бунёд карда шавад. Ин ҳама баҳри сарҷамъ намудани наврасону ҷавонон, рушди варзиш ва пеш гирифтани тарзи ҳаёти солим аст. Ин ҳама баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, рӯ овардан ба фарҳанги бегона ва майл намудан барои таҳсили ғайрирасмӣ  дар мамолики хориҷи кишвар аст.

Прокурори ноҳияи Ашт Баҳриддин Сафарзода қайд намуд, ки имрӯзҳо хатари ТЭТ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ, паёмади амалҳои хоинонаи онҳо ҳамарӯза тавассути ВАО расонаӣ мешавад, аммо то ҳол мақсади ниҳоӣ ба даст наомада. Зиёда аз 90 кишварҳои ҷаҳон гирифтори ин “вабо” ҳастанд, аз ҷумла, аз Тоҷикистон низ беш аз 1000 нафар ба ифротиён пайвастаанд, наздики 800 нафар дар кофтукови ҷиноятӣ қарор дошта,  зиёда аз 300 нафар дар муҳорибаҳо кушта шудаанд. Ин рақамҳо ташвишовару нигаронкунандаанд.

Прокурори ноҳия зикр намуд, ки таваҷҷуҳи бештарро ба муҳоҷирон низ бояд равона кард. Дурӣ аз пайвандону хона, надоштани сарпаноҳ ва ё маблағ, камтаваҷҷуҳии аҳли оила ва чанд омилҳои дигар метавонанд ба осонӣ муҳоҷирро тӯъмаи осон ба дастоварандаи ифротиён гардонад. Бо як даст наметавон қарс зад, дастҳо бояд ба ҳам оянду қалбҳо наздик бошанд ва дидаҳо мушоҳидакор.

Дар ҷараёни мулоқот чанд нафар, аз ҷумла, Д.Самадова (омӯзгори МТМУ №37), Қ.Шамсиддинов (хонандаи гимназияи №5), Ё.Ҳувайдуллоев (хонандаи МТМУ №65), С.Мутааллибов (хонандаи МТМУ №48) ва ҳамчунин авфшуда аз ҷ.д. Понғоз Ш.Дадоҷонов андешаҳои худро баён карданд.

Баъдан, ба футболбозони беҳтарин, дастаи “Иттифоқ” Шоҳҷойизаи Раиси Федератсияи футболи ноҳияи Ашт ва ба дастаи “Орзу” Сипоснома тақдим карда шуд.

Ҳамчунин наздики 30 нафар варзишгароне, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд, бо туҳфа ва Сипосномаи Раиси ноҳия қадр карда шуданд.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо Дипломи фахрии Федератсияи “Ҷит-кун-до”-и вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати мусоидат намудан барои рушди ин намуди варзиш сарфароз гардид.

Барномаи фарҳангӣ анҷомбахши мулоқоти Раиси ноҳия буд.

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.