Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳа

 1 156 боздид

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва кормандони муассисаву ташкилотҳои ноҳия иштирок намуданд.

Нахуст, муовини аввали раиси ноҳия Расулзода Қафлон Мансурӣ дастовард ва натиҷаи семоҳаи аввали соли ҷориро ба саъми ҳозирин расонид.

Баъдан, сардори Раёсати  кишоварзии ноҳия Рафторҷон Муҳаммадиев оид ба фаъолият оғоз намудани пойгоҳҳои обкашии ноҳия ва обёрӣ намудани заминҳои дар гардиши кишоварзӣ буда, мавсими нави кишти пахта ва зироаткорӣ маълумоти мушаххас дода афзуд, ки дар хоҷагиҳои деҳқонии пахтакори ноҳия кишти пахта идома дорад.

Назира Ғаффорӣ баъди баррасии ҷамъбасти семоҳа барои бартараф намудани баъзе аз камбудиҳои ҷойдошта супоршҳои мушаххас дод.

Дар охир раиси ноҳия Зариф Мирдадо барои боз ҳам хубтар намудани сатҳи фаъолият ва бартараф  намудани камбудиҳо ба масъулин супориш дод.

Сайидои ШОДӢ,

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.