Нахустраиси ноҳия 90-сола шуд

 890 боздид

11-уми август дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ёдбуди нахустраисаи ноҳияи Ашт Хонбибӣ Одиева баргузор гардид.

Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аз ҳаёт ва фаъолияти нахустраиси ноҳия ёдовар гардида зикр дошт: “Хизматҳои ходими намоёни давлатию ҳизбӣ, зани сиёсатмадор, нахустраиси ноҳия муҳтарама Хонбибӣ Одиева ба чашм намоён аст, ки имрӯз мову Шумо дар фазои орому осуда, тинҷиву амонӣ дар соли ҷашнҳои 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 90-солагии ёдбудашонро қайд намуда истодаем”.

Гуфта шуд Хонбибӣ Одиева давоми фаъолияти пурсамари меҳнатияш дар солҳои 1961-1967 корҳои созандагиву бунёдкориро пешаи худ дониста, ба самти соҳаи кишоварзӣ махсусан ба ғунучини пахта диққати хос додааст. Дар азхудкунии заминҳои Ашти калон ва бунёди боғҳо низ саҳми назаррас дорад.

Дар охир барои болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангӣ аз тарафи Бахши фарҳанги ноҳия пешниҳод гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.