Неъматҷон Дӯстматов Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 80-сола шуд.

 3 971 боздид

Неъматҷон Дӯстматов Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10 апрели соли равон ба синни 80 солагӣ расид.

Неъматҷон Дӯстматов имрӯз дар корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ, таъмири роҳҳои маҳал ва ҷалби мардум ба бунёдкорӣ саҳми назаррас дорад.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар таҷлили ҷашни 80-солагии Неъматҷон Дӯстматов ба манзили истиқоматиаш ташриф оварда, аз вазъи саломатӣ ва зиндагиаш аз наздик шинос гардид. Ба Неъматҷон Дӯстматов тӯҳфаи хотиравӣ ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд.

Неъматҷон Дӯстматов соли 1955 пас хатми мактаби рақами 4 ба номи Маъдан ба Институти театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Москва дохил шуда, соли 1960 онро хатм намудааст. Пас аз хатми Донишгоҳҳ дар Театри ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд (ҳоло Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ) ба кор шуруъ карда, то соли 1962 онҷо ҳамчун ҳунарманд фаъолият дошт. Аз соли 1962 то 1965 дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳамроҳ бо ҳунармандони маъруф ва номоварони тоҷик, ситораҳои саҳна ва муаррификунандагони миллати тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов ва Майрам Иссоева фаъолият карда, аз соли 1965 то бозништа шудан дар Театри мазҳака ва мусиқии Камоли Хуҷандӣ ҳунарнамоӣ кардааст.

Неъматҷон Дӯстматов дар якчанд намоишномаҳо ҳамчун ҳунарманди марказӣ нақш офарида, ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гаштааст.

Соли 1974 Неъматҷон Дӯстматов сазовор ба унвони Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон гардидааст.

Неъматҷон Дӯстматов зодаи деҳаи Бураки Ҷамоати деҳоти Понғоз буда, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.