Нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Ашт

 818 боздид

Имрӯз, 31 январ дар толори КИ ҲХДТ-и ноҳияи Ашт нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Ашт бо намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия баргузор гардид.

Нахуст, ширкаткунандагон маърӯзаи мухтасари Раиси ноҳия Зариф Мирдадоро оид ба ҷамъбасти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2018 шуниданд.

Сипас, журналистон ба суолҳои худ посух гирифтанд. Инак, фишурдаи пурсишу посухи нишаст:

 

Ниёзмуҳаммади Иброҳим узви ИЖТ:

Савол: —Ноҳияи Ашт ба нақшаи генералии азнавсозии шаҳру ноҳияҳо ворид шудааст?

Ҷавоб: —Нақшаи генералии азнавсозии ноҳияи Ашт соли 2016 тасдиқ шудааст.Айни ҳол ворид намудани навовариҳо дар ин самт идома дорад ва ҳамчунин дар  қисми поёнии маркази ноҳия корҳо оғоз шудаанд.

Мадина Поччоева хабарнигори ОИ “Суғднюс” дар шаҳри Хуҷанд:

Савол: —Тибқи иттилоҳо дар САҲШ-и ноҳия аз навхонадорон шиносномаи хориҷиашонро талаб мекунанд. То чӣ андоза ин рост аст?

Ҷавоб: —Ин ҳолат нест, чун амали ғайриқонунист.  Аз ҷониби масъулин рӯйихати онҳое, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд, ба САҲШ-и ноҳия пешниҳод шудааст.

Савол: —Соли пеш дар ноҳия 24 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҷавоб: —Ин ҳодисаи номатлуб дар ноҳия воқеан нигаронкунанда аст. Бештар байни занҳо (3 нафар ноболиғон) ба қайд гирифта шудааст. Натиҷаҳо бозгӯ намуданд, ки сабаб муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷанҷоли оилавӣ, хусумати хушдоману арӯс ва билохир бетарафии атрофиён маҳсуб меёбанд. Аммо имсол бо тамоми ҳастӣ мекӯшем дар ҳамкорӣ бо бахшҳои мафкуравӣ пеши роҳи онро гирем.

Савол: —Соли 2018 чанд нафар сайёҳон ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд?

Ҷавоб: —Наздики 1200 нафар сайёҳон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ва 6 нафар аз Аврупо меҳмони ноҳия шуданд ва аксарият ба табобатгоҳи Аксикон таваҷҷуҳ доранд. Аз ҳисоби сайёҳон ба буҷаи ноҳия наздики 400 ҳ.с. маблағ ворид шуд.

Тилав Расулзода хабарнигори “Fergana.ru” дар Тоҷикистон:

Савол:—Дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар Барномаи рушди стратегӣ то соли 2030 амал мекунад. Дар ноҳияи Ашт чунин барнома амалӣ мешавад?

Ҷавоб: —Айни ҳол  Барномаи рушди стратегии ноҳия барои солҳои 2016-2021 амалӣ шуда истодааст. Дар нақшаи солҳои наздик бунёди корхонаи коркарди шир ва заводи хишт дар назар аст. Ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдом чанде пеш бо зиёда аз 100 нафар соҳибкорони шаҳри Душанбе мулоқот намудем. Тасмим дорем, охирҳои моҳи феврал ба шаҳри Барнаули ФР сафар намоем, то бо ҷалби сармоягузории соҳибкорони аштӣ ин раванд идома ёбад.

Савол: —Ашт бо се вилояти Ӯзбекистон ҳамҷавор аст ва пештар барои омадурафти сокинони ду ҷумҳурӣ кӯпруки (пул) Чилмаҳрам мусоидат мекард. Дар нақша ҳаст, ки ин роҳ ба кор дароварда шавад?

Ҷавоб: —Барои амалӣ шудани ин иқдом, ки айни ҳол лойиҳааш омода аст, ба маблағгузорӣ ниёз дорем. Ин мушкил низ ҳалшуданист.

Савол: —Ҷиҳати таъмири роҳи Хуҷанд—Ашт чӣ навгониҳо рӯйи кор омадаанд?

Ҷавоб: —Лойиҳаи таъмири роҳи мазкур омода аст, ки бо сарфи 77 млн. доллар амалӣ мешавад. Айни ҳол ин масъала низ дар вазъи баррасӣ қарор дорад. Мо низ эътимод дорем, тариқи мусбӣ ин мушкил, ки хато намешавад, яке аз мушкилоти асосӣ ҳисоб намоем, ҳалли хешро меёбад.

Ҳаётҷони Одил, хабарнигори рӯзномаи “Шуҳрати Ашт”:

Савол: —Таваҷҷуҳи МИҲД-и ноҳия ҷиҳати бо кор таъмин намудани аз маҳбас озодшудагон  дар кадом вазъ аст?

Ҷавоб: —2 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. 5 нафари дигар барои бо ҷойи корӣ таъмин шудан ба мо муроҷиат накардаанд, танҳо ин 5 нафар ба кӯмакпулии МИҲД-и ноҳия фаро гирифта шуданаанд.

Неъматулло Мирсаидов, хабарнигори мустақил:

Савол: —То ҷое хабар дорем, дар баъзе мавзеъҳои ноҳия имкони ба даст овардани нафту газ ҳаст. Айни ҳол ҷустуҷӯҳои геологӣ рафта истодаанд?

Ҷавоб: —Ҷустуҷӯҳои геологӣ то ҳол натиҷаи хуб надодаанд.

Савол: —Истеҳсоли намак дар ҶС «Кони намак» коҳиш ёфтааст. Сабаб дар чист? Ва оё то ин замон ба кишварҳои ҳамсоя намак содирот шудааст ё не?

Ҷавоб: —Бояд зикр намуд роҳбарияти корхонаи мазкур нав шудааст ва ҳамчунин айни замон корхона ба таҷҳизоти ба ном экономайзер ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, бо баъзе нуқсонҳо дар самти таҷҳизот ба ҷойи 60 тонна 28-29 тонна намак истеҳсол мегардад. То ҷое огоҳӣ дорем, имсол корхонаи «Кони намак» ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон намак содирот хоҳад кард. Инро вақт нишон медиҳад.

Обидҷон Каримов, хабарнигори ТВ “Ҷаҳоннамо” дар вилояти Суғд:

Савол: —Пойгоҳҳои обкашии ноҳия то кадом андоза ба мавсими нав омода ҳастанд?

Ҷавоб: —Ин ҷо ба мушкилоти молиявӣ нигоҳ накарда, айни ҳол кор тариқи марҳилавӣ идома дорад. Кӯшиш мекунем то санаи 1 март пойгоҳҳои обкашӣ омода гарданд.

Фарангис Мамадҷонова хабарнигори рӯзномаи “Шуҳрати Ашт”:

Савол: —Агар гӯем, соли пеш пошхӯрии оилаҳо яке аз мушкилоти асосӣ маҳсуб меёбад, хато намекунем…

Ҷавоб: —Дуруст аст. Соли пеш 1406 нафар аз ақди никоҳ гузаштаанд ва аз ин ҳисоб 411 оилаҳо ҷудо шудаанд. Сабаб аввалан дар бетарафии волидон, беандешагии ҷавонон ва муҳоҷират аст. Бахшҳои мафкуравӣ ва масъулин низ бояд кори худро ҷоннок созанд.

Афзал Босолиев мудири шуъбаи иттилотии ШТР “Азия”:

Савол: —Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Мардуми ҷамоатҳои деҳоти ноҳия чӣ мушкил доранд?

Ҷавоб: —Гумон мекунам, дар деҳоти ноҳия таъсиси корхонаҳои хурди дӯзандагӣ, истеҳсолӣ (макаронбарорӣ, қаннодӣ) ва ҳамчунин ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Савол: —Имрӯз дар ноҳия чанд нафар ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил шудаанд ва чанд нафар аз хориҷ баргардонида шудаанд?

Ҷавоб: —Айни ҳол дар ноҳия 73 нафар дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд. 10 нафар, ки аз ин миқдор 8 нафарашон ба гурӯҳҳои салафӣ ҳамроҳ буданд, баргардонида шудаанд. 42 нафар дар донишгоҳҳои динӣ таҳсил доштанд, ки ин замон 40 нафарашон бозгардонида шудаанд. Аз 73 нафаре, ки дар боло зикр намудем, 16 нафар дар Афғонистон, 39 нафар—Сурия, 3 нафар—Ироқ, 7 нафар—Туркия ва 9 нафар—Россия қарор доранд. Бо ҳамкории мақомоти қудратӣ мекӯшем, ин рақамҳо коҳиш ёбанд.

Савол: —Дар Ашт чанд адад масҷидҳои ғайриқонунӣ амал мекунанд. Ва чанд масҷидҳо ба ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил дода шудаанд?

Ҷавоб: —Айни ҳол масҷидҳои ғайриқонунӣ надорем. 23 масҷидҳо ба ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил дода шудаанд.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ҳамчунин ба суолҳои рӯзноманигорон оид ба ташкили сардхонаву гармхонаҳо (айни замон як сардхонаи замонавӣ ва 80 гармхонаҳо фаъолият доранд), дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандон асфалтпӯш намудани роҳҳои  маркази ноҳия, боз ҳам босифат гаштани кӯмаки аввалияи тиббӣ посухҳои мушаххас дод.

Таҳмина МИСРОБӢ узви ИЖТ

Сайидо ШОДӢ журналист

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.