НОҲИЯИ АШТ ДАР ОЗМУНИ “НОН ШУДАМ, ШОИСТАИ ҲАР ХОН ШУДАМ” САЗОВОРИ ҶОЙИ ДУЮМ ГАРДИД

 515 боздид

Рӯзи чоруми сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад.

Сарвари давлат дар баробари ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун санаи 24 март дар шаҳри Хуҷанд дар Иди картошка, асал ва нон ширкат намуданд.

Бонуи тоҷик воқеан ҳунарманду ҳамакора аст. Баробари тарбияи насли созандаву ободкор ва фаъолият дар корхонаву муассисаҳои мухталиф вазифаву рисолати муқаддаси худ—бонуи хонадон буданро фаромӯш намекунанд ва пайваста ҳунарҳои мардумиро идома медиҳанд.

Албатта бе нон тасаввур кардани дастархон имконнопазир аст. Нон зеби асосии дастархон, серии хонадон аст. Пӯшида ҳам нест, барои омода намудану бо таъму мазаи хуш ва сифати боло пешниҳод намудани он кори заҳматталаб аст. Аммо барои бонуи тоҷик бо он ҳама мушкилиҳо омода намудани нон беҳтарин машғулият аст.

Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” бонувони 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар озмуни “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам”, ки  дар Боғи Камоли Хуҷандӣ бо пешниҳоди кулчаю қалама, чапотию фатир ва дигар намудҳои хӯрокворӣ ширкат намуданд. Бонувони ҳунарманд бо маҳорати баланди оростани дастархони миллӣ бо нонҳои гуногуннамуду хушмаза шаҳру ноҳияи худро муаррифӣ карданд. Иштирокчиён дар чор бахш: нони бомазза, нони калонҳаҷм, ороиши беҳтарини нон ва зуволатоби беҳтарин ҳунари нонпазиашонро нишон доданд.

Дар анҷом ғолибон қадрдонӣ шуданд. Ноҳияи Ашт бо иштироки фаъолона ва пешниҳоди нонҳои беҳтарину хушмаза сазовори ҷойи дуюм гашт. Аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд ба мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт Обода Каримӣ Диплом ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Дар ин ғолибият саҳми омӯзгори МТМУ №17 Шаҳноза Машарифова ва донишҷӯйи соли дуюми  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Меҳрона Абдураҳмонова калон аст.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.