Ноҳияи Ашт «ноҳияи беҳтарин» дар самти кишоварзӣ дар соли 2021 дониста шуд.

 314 боздид

10 январи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2021 доир гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷараён гирифта, дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигарон иштирок намуданд.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар ҷаласаи ҷамъбастӣ барои нишондиҳандаҳои назаррас дар соҳаи кишоварзӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ашт “Ноҳияи беҳтарин” дар соли 2021 дониста шуд.
Ба Раиси ноҳия Мирдадо Зариф Диплом, вимпел ва “Ноҳияи беҳтарини кишоварзӣ”-ро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вазъияти тантанавӣ супориданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар соҳаи пахтакорӣ дар соли 2021 хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 6193 гектар кишти пунбадона гузаронида, барои таъмини иҷрои дурнамои солона тамоми корҳои саҳроӣ саривақт ва пурра бо риояи қоидаҳои агротехникӣ гузаронида шуданд.
Дар хоҷагиҳои ноҳия ба миқдори 19467,0 тонна пахта истеҳсол ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки баробари 125,9 фоизи дурнамои солона буда, нисбати нишондиҳандаҳои соли 2020 5880,0 тонна зиёд мебошад.
Ҳосилнокии миёнаи пахтазори ноҳия дар соли 2021 ба 31,5 сентнерӣ расонида шуд, ки аз нишондиҳандаи ҷамъбастии соли 2020 (22,4 сентнерӣ) 9,1 сентнерӣ зиёд мебошад.
Боиси қайд мебошад, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар пахтакорони ноҳия ба чунин нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ бори аввал ноил гардиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз фурсати муносиб истифода бурда, ба тамоми хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия, шахсоне, ки барои ҷамъоварии ҳосили рӯёнидашуда ва расидан ба чунин дастоварди баланди меҳнатӣ саҳмгузор шуданд, минатдории самимии хешро мерасонад.
Инчунин дар номинатсияи кӯчаи беҳтарин кӯчаи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Шайдон дар миқёси вилоят сазовори ҷойи сеюм гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.