НОМАИ КУШОД БА САФИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 1 435 боздид

Пешгуфтор: Ҳамагон медонанд, ки имрӯзҳо зодаи Истаравшани бостонӣ Бурҳонов Юнус Аббосович дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш  борони туҳмату буҳтон мерезад. Албатта, амалҳои моҷароҷӯёнааш сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел нороҳат намудааст, ки  ӯ  бо интихоби  лақаби «Истаравшанӣ»  ба номи шаҳри бостонии мо иснод меорад.  Бо мақсади пешгирӣ аз бадномсозии минбаъдаи диёрамон  мо  — як гурӯҳ сокинони шаҳр тасмим гирифтем, бо номае ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муроҷиат намуда,  асли ин шахсро барояшон  тавзеҳ диҳем.

Баъди иншои нома  гурӯҳи мазкур банда — Юлдошев Илҳом Эргашевичро муваззаф намуд, ки онро ба ҷаноби сафир расонам. Онҳо бароям роҳпулӣ ҷамъ намуда, мусофирбареро киро карданд ва  ман рӯзи чоршанбе, 17-уми октябри соли 2017  озими шаҳри Душанбе гаштам. Ду ағбаю ду нақбро гузашта ба пойтахт расидам. Ба хастагӣ нигоҳ накарда,  соати 14.00  ба Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтам ва аз шахсони масъул хоҳиш кардам, ки ба ҷаноби сафир хоҳиши маро расонанд. Баъди чанд даќиќа як корманди эронии Сафорат баромада шахсияти ман, чӣ кора буданам ва мақсади вохӯриамро бо сафир пурсид. Худро муаррифӣ намудам ва гуфтам, ки аз номи гурӯҳи сокинони шаҳри Истаравшан ба   ҷаноби сафир    номае дорам, ки тибқи хоҳиши аксарият  онро бояд  шахсан ба номбурда расонам. Корманди Сафорат изҳор дошт, ки «Ҷаноби сафир масруф ҳастанд ва Шумо бо рақами 4888810 дар тамос шавед, бароятон  мерасонанд, ки эшон Шуморо кай мепазиранд»…

Ба ин рақам занг задам, аммо натавонистам бо касе пайваст шавам. Маҷбур шудам   боз ба Сафорат равам. Боз ҳамон нафар  маро қабул кард ва гуфт, ки  «рақами телефон иштибоҳ шудааст ва дар асл ин раќам 48888610 мебошад. ҷаноби сафир ҳоло нестанд, давоми рӯз занг занед, натиҷаашро ба Шумо хоҳанд гуфт». Рӯзи дигар занг задам, нафаре аз кормандони эронии Сафорат гӯширо гирифт ва чун маќсадамро изҳор кардам, посух дод, ки «Ҷаноби сафир  ҳеҷ касро ба ҳузур намепазиранд. Ман бошам, ваќт надорам. Ҳоло як корманди тоҷики Сафоратамонро даъват мекунам,  то арзи Шуморо бишунавад»…

Чун дидам муроде ҳосил намешавад, ҳайрону музтар  мусофиркашеро кироя намудам, ду ағбаю ду наќбро гузашта, хастаю бемадор  ба шаҳри Истаравшан баргаштам.

Дар роҳ як фикр ҳеҷ оромам намегузошт, ки «чаро сафири  кишвари бузург, танҳо дар Душанбе фаҳмидам номаш оғои Фағонӣ будааст, як омӯзгори одиро, ки бо хоҳиши гурӯҳи шаҳрвандон наздаш омадааст, ќабул намекунад, вохӯриро бо ӯ ор медонад, вале дар мамлакаташ  Кӯри Юнусро, ки давлати ҳамдину ҳамзабонашонро пайваста сиёҳ мекунад,  дар сатҳи болотарин  пазируфта, шароити кору зиндагиашро дар ќаламрави кишвар фароҳам месозанд. Ин чӣ муаммост?»

Чун ба шаҳри Истаравшан расидам, ба сокинон вазъро фаҳмонидам ва тасмим гирифтем, ки номаро дар расонаҳо нашр кунем. Шояд ҷаноби сафир ваќт пайдо намуда онро мутолиа мекунад. Боќӣ ќазоват аз онҳост.

НОМАИ КУШОД

БА САФИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲУЉЉАТУЛЛОҲФАҒОНӢ

Муҳтарам љаноби сафир!

Аввалан, мо — муаллифони  нома салому  паёми худро аз номи   сокинони шаҳри Истаравшан, ки  баёнгари андеша ва раъйи онон мебошем, ба Шумо ва дар симоятон ба тамоми мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон арза медорем.

Истаравшаниёнро   бо мардуми Эрон таърих ва фарҳанги муштарак ба ҳам мепайвандад. Ин муштаракот водор месозад, ки хомӯшӣ ихтиёр накунем ва бо ин нома рӯ ба Шумо орем. Намедонем то кадом андоза мурољиати мо боиси пазироиятон ќарор мегирад, вале навиштани ин нома ва бад-ин васила шикастани оромии бадтар аз марг, ки тӯли солҳои зиёд давом дорад, ќарзи шаҳрвандӣ ва номуси ватандории мост.

Љаноби сафир! Шумо ва ҳар фарди рӯшанзамири Ҷумҳурии Исломии Эрон таърихи шаҳри бостонии Истаравшанро хуб медонед.  Он яке аз ќадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва дуввумин шаҳри азими вилояти Суғд аст, ки таърихи зиёда аз  2500-сола  дорад. Шояд шумо инро ҳам хуб медонед, ки асосгузор ва меъмори ин бостонзамин Куруши Кабир буда, шаҳр бо номҳои Курушкадаву Киропол (асрҳои 529—559 пеш аз милод) шуҳрат ва маҳбубияте миёни мардуми Тоҷикистон ва хориҷи он дорад. Маҳз ин шаҳр ва мардуми шуљоъю меҳанпарасташ ба ҳуҷумҳои пайдарҳами Искандари Маќдунӣ муќобилиияти шадид нишон доданд.   Ин сарлашкар    дар ин сарзамин маҷрӯҳгардид ва танҳо  бо макру ҳила, муҳосираи дурудароз ва баъди овардани нерӯҳои иловагӣ   вориди Киропол гашта буд.

Шояд инро ҳам хуб медонед, ки мардуми баномус ва далери Истаравшан даҳсолаҳо алайҳи арабу муғул мубориза бурдаанд.  Шумо шояд ёдномаҳои фармондеҳони русро дар мавриди ҳаштод рӯзи пайкори мардуми далери Истаравшан алайҳи лашкари Русияи подшоҳӣ ( аз 2 октябри соли 1866), мутолиа карда бошед. Пайкор дар роҳи покии дину оин ва  номи неки ватан, пос доштани рӯҳи аҷдоди мубориз ҳамеша шиори   истаравшиниён буд, ҳаст ва мемонад.

Истаравшан (Киропол, Курушкада, Уструшана, Ӯротеппа) ватани бузургони  илму адаб чун Шиблӣ, Шаҳдӣ, Зуфархон Љавҳарӣ,        академикҳо    Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Улмас Мирсаидов, Пӯлод Бобољонов, Хуршеда Отахонова  ва     ќаҳрамонони арсаи кору пайкор   Набӣ Акрамов, Камол Охунов, Сабоҳат Ҷамолова  ва садҳои дигар аст, ки на танҳо боиси фахри ҳамдиёрон, инчунин кишвару хориљи онанд.

Ҷаноби сафир! Гумон мекунем шумо ҳадафи моро аз ин муќаддима дарк кардед. Мо мехоҳем, ки  хокамон, ватанамон чун забонамон, ки орӣ аз тасаллути  олоишҳост,  пок аз онҳое бошад, ки мехоҳанд бар домони мардуми диёрашон  доғ гузоранд. Инро мехоҳем   тавассути Шумо ба онҳое, ки лофи ҳамзабонию ҳамдиниву ҳамфарҳангӣ  зада,   чун воизон дар минбар якею паси парда ҳарфҳои дигар мегӯянд, бирасонем.

Акнун ба сари маќсад меоем. Сухан дар бораи Сайидюнус Бурҳонов ном шахсе меравад, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон паноҳ бурдааст ва бо истифода аз тахаллуси Истаравшанӣ мардуми моро бадном месозад. Мо ба аќидаи ӯ, роҳу равиши ӯ, ҳадафҳои нопоки ӯ кор  надорем. Вале   намехоҳем ва нахоҳем гузошт, ки  бадгуҳаре бо бори накбати  худу  аљдод  номи поки Истаравшан — сарзамини мардуми меҳанпарасту покизаимонро доғдор созад. Мо намехоҳем нохалафу луъбатаки дасти дигаронро     кишвари ҳамдину ҳамзабоне  чун Эрон  намояндаи миллати мо, шаҳри мо донад ва истифода аз ӯ кунад.

Истаравшаниён имрӯзу дирӯзи Сайидюнус Бурҳоновро хуб медонанд ва мехоҳанд, ки Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон низ   онро  донанд.

Бобои Сайидюнус —  Бурҳон   дар  замони  ќаҳтию гуруснагӣ, ки  мардум нони хӯрдан надошт,  вазифаи  мудири анборро бар дӯш дошт.  Ба иќтизои нафси бад    гандум медуздад ва ба хотири рӯпӯш  кардани афъоли нољо анборро оташ мезанад. Барои ин амал    ӯро ҳабс   ва   даҳ сол ба Сибир бадарға месозанд.

Мева аз дарахт дур намеафтад. Падари Сайидюнус Аббос низ миёни мардуми Истаравшан   бо  аспдуздӣ «шуҳрат» дорад. Ӯ аспҳоро дар ТоҶикистон дуздида, дар кишвари ҳамсоя мефурӯхт. Агар дар Истаравшан пурсед, ки падари Сайидюнусе, ки мехоҳад номи Истаравшанро доғдор кунад, кист, бо як овоз мегӯянд: “Аббоси аспдузд”. «Писар чӣ гуна, падар намуна» мегӯяд маќоли мардум.

Сайидюнус, ки аз камсаводӣ натавонист таҳсилро дар омӯзишгоҳи касбӣ идома диҳад (аз ин даргоҳ ронда мешавад), роҳи осонро интихоб менамояд ва аз «баракат»-и замона мулло мешавад. Ӯ бо фиреб духтари устодаш  мулло Маъруфро ба занӣ мегирад ва ҳамсарашро ба тӯдаи тундгароёни салафӣ ҷалб месозад. Ин зани соддаи фиребхӯрда дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон ба маҳбас афтода, дар ғурбат, дур   аз фарзандон ғамбемор   дар зиндон ҷон медиҳад. То ҳол хешу табори ин зани ба доми фиреб афтода дар ҷустуҷӯи Сайидюнус Бурҳонов ҳастанд, ки дар диёри мо бо номи “Кӯри Юнус” ҳам маъруф аст.

Фитнаҳои ин «дӯст»-и кишвари Шумо бо ин   анҷом намеёбад. Ӯ бо фиреб Сангова Сумаяи 17-сола, сокини Истаравшанро барои таҳсил ба Ќуми Эрон мебарад. Ҳанӯз замони дар зиндон будани зани аввалаш ин духтари дар мусофират танҳою раҳгумзадаро бо ваъдаи хонаи ободу зиндагии хуш  ба никоҳи худ медарорад. Як сол бо ӯ зиндагӣ карда, соҳиби духтар мешавад. Муддате пас Сайидюнус аз Сумая ҳам људо мешавад. Ҳоло ин зан бо кӯдакаш бесоҳибу ҳайрон ва сарсону саргардон аст.

Сайидюнуси мулломаоб ҳангоми дар Тоҷикистон  будан ба тиҷорати маводи мухаддир машғул шуда,  бо ҳазор найранг хешу таборашро ҳам ба  ин кор сафарбар намуд. Ба хотири пулу сарват бародараш Бурҳонов Юсуф Аббосовичро ба ќочоќи маводи мухаддир ҷалб кард ва охирин беш аз 5 сол пушти панҷараи зиндон ќарор дошт. Бародари дигараш — Бурҳонов Мансур Аббосовичро барои таҳсил ба Мозандарони Эрон фиристод, ки соли 2002 бо ҷурми дастдорӣ дар ҷиноятҳои бо экстремизм алоќаманд  ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум гашт. Баъдтар авф гашта бошад ҳам,   ба   ќочоќи маводи  мухаддир  даст зада, бори дигар ба маҳбас афтод.

Тавре мебинем, Сайидюнуси Истаравшанӣ на онест, ки худро дар шабакаҳои интернетӣ аз Эрон ҷилва медиҳад. Ӯ онест, ки Ҳофиз гуфта:

Воизон, к-ин Ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кор дигар мекунанд.

Ҷаноби сафир! Умедворем, ки Шумо чеҳраи Сайидюнус Бурҳоновро, ки  чун сутури аз гала мондаи аз охури бегона ба серӣ алаф хӯрда, аз ҷониби соҳиби охур ба майдони шабакаҳои интернетӣ ба «ҳарбу зарб» андохта шудааст,    хуб шинохтед.

Сити муоҳадаи  дӯстиву бародархондагӣ дар байни кишварҳои мову Шумо то ба фалак равад ҳам,  ба ин наздикиҳо  ин сутур сар аз охур бардоштанӣ нест. Мутаассифона, соҳибонаш ҳам ҷонвари камхарҷро  дигар раҳо карданӣ нестанд!

Боиси таассуфи мо, сокинони Истаравшан аст, ки љойи аҳли фазли кишварҳои моро, ки   тӯли таърих тавассути офаридаҳои Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Ҳофизу Саъдӣ суҳбатҳо доштанд, ҳамакнун   Сайидюнус (Кӯри Юнус, бачаи Аббоси аспдузд) аз авлоди ниҳоят бадномшудаи Истаравшан гирифтааст.

Ҷаноби сафир! Бигзор, Сайидюнус Бурҳонов нависад, гӯяд, ҳарчи ихтиёри хоҷагонаш бошад, аз сарзамини Эрон он кунад. Ҳадаф аз  номаи мо танҳо як чиз аст: номи Истаравшани азизи мо, ки ифтихор аз ќаҳрамонӣ, меҳанпарастӣ фазилату маърифати фарзандонаш дорад, аз исми Сайидюнус – зодаи хонадоне, ки бобояш ба ҷурми дуздии нони мардум, падараш ба  аспдуздӣ, худаш  муҷиби ҷон додани зане дар маҳбас, занҷаллобӣ, дар нимароҳ монондани ҳамсару фарзанд, сабабгори  бо экстремизму  ќочоќи маводи мухаддир зиндонӣ шудани бародарон гаштааст, бардошта шавад.

 

Ба он далел  ки Сайидюнус Бурҳонов дар паноҳи  Ҷумҳурии Исломии Эрон ќарор дорад,   Шумою руасои кишвари Эронро хосторем   дар  кори хайр – гирифтани  тахаллуси  «Истаравшанӣ» аз номи Сайидюнус  мусоидат намоед.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.