Норматов Комилҷон 90-сола шуд

 865 боздид

Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия  ба хонаи собиқадори соҳаи маорифи ноҳия Норматов Комилҷон ташриф оварда, ба ӯ Сипоснона ва кӯмаки яквақтаинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд.

Дар хонаи Норматов Комилҷон Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ мулоқоти судманд анҷом дода, барои хизматҳои шоистаи ӯ дар рушди соҳаи маориф миннатдорӣ баён кард.

К. Норматов дар солҳои фаъолияташ барои рушди соҳаи маориф ва бунёди биноҳои муассисаҳои таълимӣ талош намудааст. Маҳз бо ташаббусҳои созандаи ӯ  бинои МТМУ №17-и ноҳия бунёд гардидааст.

К. Норматов тарғибгари сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, байни муйсафедон дар чойхонаву марказҳои истироҳатӣ сӯҳбатҳо мегузаронад.

Ин собиқадори соҳаи маориф соли ҷорӣ ба синни 90 расид.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.