Обода Каримӣ: Бекоршавии ақди никоҳ дар шаш моҳи соли 2019 назар ба шаш моҳи соли 2018, 44 адад кам ба қайд гирифта шудааст

 47 боздид

Ин нукта имрӯз дар натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, садо дод.

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, бо иштироки Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, муовини Раиси ноҳия Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД Обода Каримӣ, муттахассиси пешбари бахши САҲШ-и ноҳия Маҳмудзода Тахмина ва фаъолзанон аз фаъолияти шашмоҳаи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, натиҷагирӣ карда шуд.

Обода Каримӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия дар баромади худ иброз дошт, ки бахши кор бо занон ва оила бо мақомоти корҳои дохилӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳамкории зич дошта, дар якҷоягӣ муроҷиати шаҳрвандони аз зӯроварӣ ҷабрдидаро баррасӣ менамоянд. Маълумот дар хусуси зӯроварӣ  дар оила ё таҳдиди содир шудани онро ба якдигар пешниҳод карда, сабаб ва шароитҳои зӯроварӣ дар оиларо ошкор мекунанд, оилаҳое, ки дар онҳо мунтазам ҳодисаҳои зӯроварӣ ҷой доранд, ба қайд гирифта, чораҳои пешгирикунанда меандешанд. Дар асоси маълумоти сардори шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт 29 адад оилаи ноустувор аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба қайд гирифта шудааст, ки мунтазам бо онҳо корбарӣ карда мешавад.

-Инчунин бахши кор бо занон ва оила дар ҷамотҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейи касбӣ техникӣ, бо мақсади аҳамияти аввалиндараҷа додан ба таълиму тарбияи фарзанд, тарғибу ташвиқи пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон ва наврасон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ, зӯроварӣ дар оила, бекоршавии ақди никоҳи шарвандон ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо доир кардаанд.

-Бахши кор бо занон ва оила ва Шӯрои занон дар ноҳия баҳри пешгирӣ намудани ҳамагуна зӯроварӣ нисбати занону духтарон, ба монанди даст ба худкушӣ задан, ҷинояткорӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯрӣ гузаронида шуда бошад, ҳам, мутаасифона дар давоми шаш моҳи аввали соли равон дар ноҳия 5 нафар зан даст ба худкушӣ задаст, ки боиси ташвиш аст. Аз онҳо 2 нафар ноболиғ мебошад. Дар давоми шаш моҳи соли 2019 аз ҷониби 10 нафар зан ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст.

-Бо мақсади тарбия, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон, маърифати оиладорӣ, кам кардани сатҳи бекоршавии ақди никоҳ, ҷиноятсодиркунии занон, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ дар назди бахши кор бо занон ва оила, бахши САҲШ ва ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, маҳфили “Мактаби хушдоман” ва “Шӯрои муросо”, инчунин гурӯҳи доимоамалкунандаи “Фардои дурахшон”, таъсис дода шудааст.

Зариф Мирдадо Раиси ноҳия зимни баромади худ иброз дошт, ки имрӯз занону духтарони даврони истиқлоли мо бо ҳидояти Сарвари давлат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат дар баробари мардон заҳмат кашида, ба хотири таҳкими иқтидор ва мақомоти шоистаи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош доранд.

Дар идомаи баромади худ Раиси ноҳия Зариф Мирдадо аз вазъи ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки давлат аз оила сарчашма мегирад ва оила, аз ҷумла, модару кӯдак зери ҳимояи давлат қарор доранд. Аз ин лиҳоз, зарур мешуморам, ки баҳри пешгирӣ намудани ҳолатҳои барҳамхӯрии оилаҳо ҳамаи мо фаъолон, аҳли зиё чораҳои саривақтӣ андешем.

Баъдан Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ба масъулин ҷиҳати дар маҳаллаву деҳаҳои ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия таъсис намудани Шӯрои занон дастуру супориш дода, таъкид намуд, ки Шӯрои занон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мунтазам ҷиҳати устувор кардани оилаҳои ҷавон, пешгирии занон аз ҷинояткорӣ ва пешгирии занону духтарон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мулоқоти вохӯрӣ доир намоянд.

Тавре дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия иттилоъ дода шуд, дар шаш моҳи соли 2019 634 (шашсаду сиву чор) ақди никоҳ баста шуда, никоҳи 191 адад оила бекор карда шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии вайрон гардидани оилаҳо ин рост наомадани хулқу атвори ҳамсарон ба якдигар, дахолати бевоситаи волидон ва хешовандони наздик ба оилаи онҳо, тайёр набудани ҳамсарон бо зиндагонии мустақилона ва вазъи номусоиди шароити зиндагии онҳо ва хиёнати ҳамсарон, ба шумор меравад.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *