Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои босамар дар самти истифодаи оқилонаи обу замин, обёрии заминҳо ва ба майдони кишоварзӣ табдил додани заминҳои бекорхобида асос гузошта, кишоварзони ноҳия дар майдони 100 га замини хоҷагии деҳқонии “Сабр”, имсол пахта кишт мекунанд.
Тибқи иттилои Рафторҷон Муҳаммадиев сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, аз “Ангалсой” бо насби дастгощи обкашии пастшиддат ин заминро обёрӣ намуда, кишоварзон мақсад доранд, дар майдони 100 га кишти пахта гузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки хоҷагии деҳқонии “Сабр”, ки дар ҳудуд Ҷамоати деҳоти Ошоба ҷой гирифтааст, қаблан аз сабаби норасоии сатҳи обёрӣ дар ин майдон кишоварзон гандум ва хӯроки чорво кишт мекарданд.