ОЧАИ ХУРШЕДМО САДСОЛА ШУДАНД

 469 боздид

Дидорбиниву аёдати пиронсолон, одамони рӯзгордида ва хизматкарда ба ҷомеа рисолати муқаддасу ифтихоровар аст. Боиси қаноатмандист, ки ин иқдом имрӯз аз ҷониби аксарият дастгирӣ меёбад.

Имрӯз роҳбарияти МИҲД-и ноҳияи Ашт  яке аз занҳои заҳматкаши ақибгоҳи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, истиқоматкунандаи деҳаи Хиштхонаи ҷамоати деҳоти Понғоз Хуршедмо Аҳмадалиева, ки ҷашни зодрӯз дошту 100-умин зимистони умрашро дар ҳалқаи фарзандону пайвандон пешвоз гирифт, аёдату таҳният намуд.

Дар арафаи 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Зодрӯзнома ва туҳфаи хотиравиро Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба соҳибҷашн тақдим намуд.

Ин зани умрдидаву ҷавондил фаъолияти меҳнатиашро моҳи марти соли 1941 дар колхози ба номи Энгелси ноҳия оғоз намуда, баъдан дар хоҷагии ба номи Н.Ҳувайдуллоев то соли 1970, яъне то баромадан ба нафақа идома додааст.

Солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷамъоварии ғалла ва дигар ҳосилу зироатҳои хоҷагии қишлоқ, таъмин намудани фронт бо озуқаворӣ заҳмати беандоза кашидааст. Очаи Хуршедмо намунаи олии занҳои меҳнаткашу ватандӯст, мардсифату хушниҳод аст, ки имрӯз аз ҳаёти намунавӣ, фарзандони солеҳ ва рӯзгори шоистааш метавон қиссаҳои зиёд навишт.

Ҳар амалеро подошест, мегӯянд. Паёмади фидокориву заҳматҳояш буд, ки бо нишони “Собиқадори меҳнат” ва медалҳои ҷашнии зиёд қадр шудааст.

Лозим ба ёдоварист, шавҳари очаи Хуршедмо—Холматов Мирзоаҳмад иштирокчии ҶБВ, яке аз мардони сахопешаву меҳнатдӯст, фарҳангӣ буд. Дар синни 91-солагӣ вафот кардааст.

—Падари фарзандонам инсони хеле меҳрубон, заҳматкаш буданд,—ба хотир оварданд очаи Хуршедмо. –Аз аввал то интиҳои ҷанг дар майдони набард буданд ва баъди баргаштан аз ҷанг дар ободии деҳамон кӯшишҳо кардаанд. Фарзандонро якҷоя дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву меҳанпарастӣ, покдилӣ, донишандӯзӣ тарбия намудем.

Очаи Хуршедмо ҳамроҳи ҳамсар чор духтару чор писарро ба воя расониданд. Имрӯз соҳиби 140 набераю абераю чабера мебошанд. Яке аз фарзандони очаи Хуршедмо Мирзоахмедов Фахриддин имрӯз дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба ҳайси мудири шуъбаи рушди инноватсионии илм фаъолият дорад. Ӯ доктори фанҳои техникӣ, профессор, академики Академияи байналмилалии информатикакунонӣ мебошад. Ҳамаи фарзандони оила соҳибмаълумот, соҳиби хонаву дари обод ва фарзандони солеҳ ҳастанд.

Вақти рафтани дидорбинӣ очаи Хуршедморо саргарми тамошои барномаи “Ахбор” дарёфтем. Оре, зани садсолае, ки то ҳол аз мехоҳад ва метавонад аз хабарҳои кишвар огоҳ бошад. Бо як ҷаҳон самимият аввалан дар ҳаққи сарвари давлат дуо намуд, баъдан бо овози марғуладору лаҳни зебо барои амнияти кишвар, сулҳу тинҷию амонӣ дар меҳан, дастурхони ободу рӯзгори шоди мардум даст ба дуо бардошт. Насиҳат кард, аз бахилӣ, дилсиёҳӣ, нотавонбинӣ дурӣ ҷӯем, Ватанро самимонаву содиқона дӯст дорем, меҳанро бо камиву костиашро бипазирему пайи ислоҳаш бошем, ба ҷомеа фарзандони ояндасоз ҳадя намоем ва билохир фарзанди арҷманду арзандаи миллати тоҷик бошем.

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.