Офати табиӣ зиёда аз 740 ҳазор сомон зарар расонд (чандрасонаӣ)

 1 105 боздид

Боришоти зиёди борон дар моҳи апрлеи соли ҷорӣ ва омадани сел дар сойҳои ноҳияи Ашт ба хоҷагии халқи ноҳия зиёда аз 740 ҳазор сомон зарар расондааст. Дар ин бора сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Ашт Асатулло Ҳувайдуллоев ба мо иттилоъ дод.

Тибқи иттилоъи манбаъ бар асари офати табиии рӯзҳои 12 ба 18 апрели соли ҷорӣ 10 кӯпруки маҳаллӣ, 41 километр роҳ, 4,8 километр хати интиқоли барқ ва дигар боғу токзор зарар диданд. Хушбахтона дар ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.  

Собиқ раиси ҷамоати деҳоти Понғоз Ғолиб Саидов зимни бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар сойи ҷамоат гуфта буд:

Баъд аз боришоти зиёди борон санаи 12 ба 13 апрел дар ноҳия шамоли сахт  вазида, болопӯши  якчанд хонаи сокинони ҷамоати шаҳраки Шайдон ва ҷамоати деҳоти Пунукро вайрон кард.

Тайи ду соли охир бар асари боришоти борон дар сойҳои ҳудуди ноҳия омадани сел зиёд мушоҳида мешавад. Санаи 16-уми июн ва нимаи дуюми рӯзи 28-уми июли соли 2016 низ дар баъзе аз сойҳои ноҳияи Ашт сели ниҳоят калон омада буд. Тибқи иттилоъи ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода дар ноҳия, он ба хоҷагии халқ зиёда аз 5 миллион хисорот ворид намудааст.

Шоҳидони ҳодисаи омадани сел дар таърихи 28-уми июли соли 2016 дар сойи ҷамоати Понғоз гуфтанд, чунин сели даҳшатовар ва ниҳоят калон дар чанд соли охир бори аввал омадааст.

Бар асари ин офати табиӣ бозори ҷамоат қисман хароб гашта, якчанд мағозаҳо пурра вайрон гардиданд. Ҳамзамон сел чандин автомобили сабукрави сокинони ҷамоатро низ бо худ бурд ва баъзеи онро дар ҷояш корношоям намуд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.