Имрӯз, 08-уми апрел, бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо кишти аввали пахта, дар бригадаи 6-уми кооперативи истеҳсолии хоҷагии деҳқонии “Иттифоқ”-и Ҷамоати деҳоти Ифтихор оғоз гардид.
Зариф Мирдадо бо фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ аз наздик шинос гардида, ба роҳбари хоҷагӣ ва масъулони соҳаи кишоварзӣ, барои рӯёнидани ҳосили баланди пахта аз ҳар як ваҷаби заминҳои обёрикардашуда дастуру супориш дод.
Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафторҷон Муҳаммадиев иттилоъ дод, барои ҳосилнокии баланди пахта, дар ноҳия зиёда аз 720 тонна навъҳои чигит зихира карда шудааст, ки соли ҷорӣ кишт карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар майдони 6212 гектар пахта кишт гардида, беш аз 14 ҳазору 30 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуда буд.