Оғози корҳои сохтмонӣ дар МТМУ №36-и Ҷамоати деҳоти Понғоз

 694 боздид

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, бахшида ба истиқболи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36, дар Ҷамоати деҳоти Понғоз, аз тарафи соҳибкорони бурунмарзӣ Махсудҷоновҳо, бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Тавре ба мо раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз иттилоъ дод, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва ташаббуси бародарон, соҳибкорони бурунмарзӣ Махсудҷоновҳо, бинои МТМУ №36 аз нав бо тарҳи замонавӣ иборат аз 3 ошёна ва 24 синфхона барои 620 нафар хонанда дар як баст ва толори варзишӣ бунёд карда мешавад. Инчунин бо ташаббуси сокинони маҳал масолеҳи сохтмонӣ, ки аз ин бино гирифта шуд, барои бунёди 5 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №64, ба роҳ монда шудааст.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуд. Зимни бозиди худ ба масъулин дар сатҳи баланд иҷро намудани корҳои сотмонӣ дастуру супориш дод.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Махсудҷонов Зайлобиддин дар ду тарафи роҳи протоколии Ҷамоати деҳоти Понғоз беш аз 300 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36, дар таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.