Оғози марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявии бокс дар Ашт

 1 130 боздид

Имрӯз, дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия маросими кушодашавии марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявии бокс, байни ҷавонон ва калонсолони соли таваллудашон 1999-1975 баргузор гардид.

Дар расми кушодашавии мусобиқаи ҷумҳурияии бокс Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда ба варзишгарон муваффақияту бурдборӣ таманно намуданд.

Комрон Машарифов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳияи Ашт мегӯяд, дар марҳилаи ниҳоии бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 даста байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Мусобиқаи мазкур дар доираи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2017-2021 гузаронида шуда истодааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин мусобиқа дастаҳои ВМКБ, Хатлон-1,2, Суғд-1, ноҳияҳои тобеи марказ ва дастаи Душанбе-1, байни ҳам рақобат  мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур 100 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки давраи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявии бокс байни ҷавонон ва калонсолон то санаи 11 апрели соли ҷорӣ дар толори Мактаби варзишии №1 идома ёфта, ғолибонро диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.