Дар доираи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ашт ба мумфаршкунии ду кӯчаи ҷамоати шаҳраки Шайдон ҳусни оғоз бахшиданд.
Кӯчаи ба номи Сироҷиддин Эминҷонов бо маблағгузории МИҲД вилояти Суғд дар ҳаҷми 750 ҳазор сомонӣ ба масофаи 1 киллометр ва кӯчаи маданият ҳудуди 1 километр мумфарш гардида истодаанд.
Бо иқдоми ду соҳибкори маҳаллӣ Алибоев Музаффар ва Ҳоҷиев Атҳам кӯчаи маданият мумфашр шудаистодааст.
Фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои сохтмонии роҳро ҶДММ “Ваҳдат” ба анҷом мерасонад.