Оғози мусобиқаи ҷумҳуриявии бокс дар Ашт

 826 боздид

Дар толори Мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт санаи 25 октябр мусобиқаи ҷумҳуриявии бокс байни ҷавонон ва наврасони соли таваллудашон 1997-99 оғоз гардид, ки он то санаи 28 идома меёбад. 

Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳияи Ашт мегӯяд, дар расми кушодашавии мусобиқа намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев Ҳалим ва роҳбарияти ноҳияи Ашт ширкат варзида, ба варзишгарон бурдборӣ таманно карданд.

Тавре иттилоъ дода шуд дар ин мусобиқа дастаҳои Душанбе-1,2, Хатлон-1,2, ВМКБ-1,2, як дастаи ноҳияҳои тобеи марказ ва ду дастаи вилояти Суғд байни ҳам рақобат мекунанд.

Ғолибонро медал ва дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш интизор аст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.