Оғози мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол дар Ашт

 721 боздид

Имрӯз, 12 декабр дар толори Мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол байни ҷавонон ва наврасони соли таваллудашон 2001, бахшида ба эълон гардидани “Соли 2018- соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” оғоз гардид, ки он то санаи 16 идома меёбад.

Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳияи Ашт Ҷамшед Насриддинов мегӯяд, мақсад аз баргузории мусобиқа ин ташвиқу тарғиби волейбол байни наврасписарон дар ҷумҳурӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон. Баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон байни навписарон мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд дар ин мусобиқа дастаҳои ш.Душанбе (ду даста),  Хатлон-1,2 (ду даста), ВМКБ(як даста), Ш.Н.Т.М(як даста),  вилояти Суғд (як даста) ва минтақаи Рашт (як даста), байни ҳам рақобат мекунанд.

Ғолибонро медал ва дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш интизор аст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.