Оғози сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

 247 боздид

27.02.2017, шаҳри Душанбе

http://www.president.tj/node/14638

Нимаи дуюми имрӯз дар саҳни бинои Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор шуд.

Меҳмони олимақом Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.

Дар маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Россия ва намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок доштанд.

Дар расми истиқбол сурудҳои миллии ду давлат садо дода, зери навои ифтихорӣ роҳбарони Тоҷикистону Россия аз назди ҳайати Горди фахрӣ гузар намуданд ва Президенти Федератсияи Россия ба ҳайати сафоростаи низомӣ арзи салом карда, эҳтироми Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҷо овард.

Маросими бошукӯҳи истиқболи меҳмони олиқадр баъди шиносоии Сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб анҷом ёфт.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *