Оғози таъмири беморхонаи шаҳраки Дӯстӣ

 865 боздид

Таъмири беморхонаи ҷамоавии ҷамоати деҳоти Ашт оғоз гардид. Дар ин бора раиси ҷамоати деҳоти Ашт Шавкат Ёрматов иттилоъ дод.

Тибқи иттилоъи манбаъ беморхонаи ҷамоавии ҷамоати деҳоти Ашт дар шаҳраки Дӯстии ҷамоат ҷойгир мебошад. Барои таъмири он аз тарафи 419 адад  хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоат 27 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Барои таъмири бинои беморхонаи мазкур аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт низ 6 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Бояд зикр кард, ки бинои беморхонаи шаҳраки Дӯстӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Бо ташаббуси МИҲД-и ноҳияи Ашт, бо мақсади хуб намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинони ин ҷамоат таъмири бинои беморхона ба роҳ монда шуд. Дар назар аст, ки то охири моҳи август бинои беморхона аз таъмири хушсифат бароварда шавад.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.