Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз санаи 2 феврали соли 2016, №118 “Дар бораи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30 декабри соли 2015, №801 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ, устувории оилаҳои ҷавон, бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи байналмилалии оила санаи 11 майи соли равон, дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд, бо иштироки оилаҳои намунавии шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфили вилоятӣ таҳти унвони “Оила-пайвандгари дилҳо” баргузор гардид, ки аз ноҳияи Ашт оилаи намунавии ноҳия оилаи Ҷамоловҳо иштирок намуда, бо туҳфаи хотиравии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қадрдонӣ карда шуданд. Боиси зикр аст, ки оилаи Ҷамоловҳо собиқаи зиндагии 36 сола дошта, Ҷамолов Шермат Ҳайдарович мудири методии кабинети шуъбаи маориф ва Ҷамолова Раъно Масаидовна духтури оилавии маркази саломатии ноҳия мебошанд. Соҳиби 3 нафар фарзанд ва 5 набера ҳастанд.