Касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст, бахшидан мумкин аст, вале касе, ки хиёнат кардааст, бахшида нахоҳад шуд!
Бо чунин ҷумлаҳо оғоз мешавад намоиши филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, филме, ки бори чандум ҷеҳраи асливу бераҳмонаи наҳзатиёнро бозкушо менамояд. Ҳарчанд имрӯз мардуми тоҷик аз хиёнату номардиҳои ногуфтании ин ҳизби дасисакор огоҳ аст, аммо қисми чаҳоруми филм хеле таъсиргузор аст. Гиряи кӯдаки бепадармонда, фарёду фиғони падару модарони фарзандгумкарда… Ин ҳама манзараро наметавон бидуни гиряву ларзиши равон тамошо кард.
ГАРАВГОНГИРӢ
Оре, барои наҳзатиёни шайтонсиришт ин роҳи осонтарин буд: тариқи гаравгонгирӣ ва бераҳмона куштани ҳаммиллату ҳамзабону ҳамватани хеш дар қалби мардуми сулҳпарвар, мардуме, ки дар таърихаш боре ҷониби ягон миллате, халқе теғ ба даст нагирифтааст, коштани тухми тарсу воҳимаву ваҳшат! Амале, ки ҷомеаро ба ларза овард!
Ин тарроҳони хунхори баҳманмоҳи соли 1990, ки он ҳама паёмади фасодкориҳояшонро аз пушти парда тамошову аз берун идора мекарданд, бо он ҳама “сарсупурдагӣ ба хоҷагони хориҷӣ” натавонистанд ба ҳадаф бирасанд, натавонистанд табаддулоти давлатиро рӯйи кор оранд.
Шояд то ҳол буданд нафароне, ки ба амалҳои бераҳмонаи наҳзатиён бовар намекарданд, чун куштору актҳои террористии онҳо дар андешаи инсон намеғунҷад. Аммо дар филм шоҳидони ин ҳодисаҳои қатлу куштори тасвирношуданӣ Суфӣ Ғозиев, Ҳайдар Шарифзода, Зикрулло Ҷононов, Маҳмадвалӣ Ҳасанов, Муҳаммад Зоғов, Ҳотам Машрабов, Шаҳобиддин Сироҷов ва чанди дигар нақл кардаанд.
РОҲИ ОХИРАТ
Наҳзатиён, ки аз ҳама роҳ истифода бурданду ҷойгоҳи хешро наёфтанд, пас ба ҳамин амали номардона—гаравгонгирӣ даст заданд, бехабар аз он, ки ин роҳи охирати онҳо буд.
Бераҳмонатарин амалу ҷиноятҳоро содир намуданд: одамкушӣ, каллабурӣ, буридани узвҳои бадан, таҳқири ҷасад, таҷовуз ба номуси модарону духтарон, маъюбону мӯйсафедону духтаронро аз дами шамшер гузаронидан, зинда таҳи хок кардан, узвҳои одамонро буридану дар деги тасфони равған андохтан… Магар инсони солим ба ин кор қодир аст?
Аз қадами номубораки ин номардон дар деҳаҳо чандин қабристонҳо “тавлид” шуданд.
—Дар як рӯз 5 омӯзгор ва 28 хонандаамро аз даст додам,—мегӯяд сарвари яке аз дабистонҳои деҳаи Ғарми Боло Ривоҷиддин Тошдилов. Охир, он муаллимону наврасони бегуноҳ чӣ ҷурме доштанд? Наход вақти куштори онҳо дасти нопоки ин шайтонсиратон наларзида бошад?
Дар бочкаҳо маҳкам кардани одамони бегуноҳ , ҳатто наврасон ва тариқи хеле бераҳмона куштани онҳо дар минтақаҳои Рашт, Лахш, Нуробод, Ваҳдат чӣ дардовар аст. Аз гармии тоқатфарсову бӯйи бад, фишори рӯҳӣ, кафидани дилу рагҳо фавтидани ин гаравгонон дар тасаввури бераҳмтарин инсон намеғунҷад!
Дар навоҳии Рашту Нуробод 60 нафар сарбозони ҷавони тоҷикро бо роҳи фиреб ба қароргоҳашон овардану баъдан хеле бераҳмона куштан ва аввалин қабри дастаҷамъонаро дар сарзамини тоҷик “таъсис” додани наҳзатиёни хунхорро то ҳол мардуми ин минтақаҳо дар ёд доранду фаромӯш нахоҳанд кард. Войи волидони ин ҷавонмардони ҷавонмарги фиребхӯрдаву ноумедгашта, войи арӯсони чашминтизори онҳо ва войи тифлони ятимгаштаи онҳо…
Бедодгариву қатлу куштор дар ҳаммоми ноҳияи Вахш, ки ин заҳҳоксиратон амалӣ кардаанд, дар таърихи инсоният рӯй надодааст. Узвҳои инсонро буридан, пора-пора кардан, то дараҷаи нашинохтани пайвандон теғу корд задани гаравгонон…
ДОҒИ ХУН НАХОҲАД РАФТ!
Доғи хуни ин ҳамватанони ноилоҷ рафтаи мо ҳеҷ гоҳ аз дасти нопоки ин хоинони меҳан нахоҳад рафт!
Боз имрӯз чандин нафар ҳамтоёни ин ҳизби террористӣ-экстремистӣ, чун Фаррух Давронов, Намоз Қурбоналиев, Маҳмуд Иматов аз “корнамоӣ”-ву ваҳшоният ва хиёнатҳои хеш нақл мекунанд. Чӣ шармандагӣ!
Бори дигар метавон иқрор шуд, сохтори сиёсӣ, зинаҳои роҳбарикунанда ва шиорҳои таблиғотиву идеологияе, ки ҳадафи наҳзатиён буд, тарзи давлатдории ҶИЭ-ро хотиррасон менамояд. Ва ин нуктаҳоро Саъдиддин Рустамов—собиқ мушовири Раиси ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ бозгӯ намудааст. Ин бори дигар собит менамояд, яке аз қувваҳои такондиҳандаи онҳо кист.
Аммо ин тарзи давлатдорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллии кишвари мо бегона аст.
Имрӯз бо ҳар роҳу восита, бахусус шабакаҳои интернетӣ ин наҳзатиёни хунхор хешро сафед мекунанду давлати моро сиёҳ, аз ночизтарин камбуди Ватан бузургтарин мушкилӣ месозанд, дур аз Ватан мисоли андалеб “месароянд”, аз таҳи нохун чирк меҷӯянд, аммо….
Аммо гумон намекунам, доғи ин хунҳои рехтаи онҳо шуста мешавад, бовар нест, падару модарони фарзандгумкардаву писарони падаргумкарда онҳоро бубахшанд.
ЁДАШОН БА ХАЙР!
Беш аз сад нафар зиёиён, олимон, омӯзгорон, табибон, ходимони илм ва журналистони зиёдро ба қатл расонидаанд, ки бо ин роҳ мехостанд ба пояҳои илму дониш ва генофонди миллат теша зананд. Имрӯз агар онҳо зинда мебуданд, ҷиҳати рушди кишвари азизамон чӣ қадар саҳм мегузоштанд… Аммо афсӯс, ноилоҷ рафтанду назди дасти ин гурӯҳи ғоратгару бераҳм роҳи наҷот наёфтанд. Афсӯс…
Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Отахон Латифӣ, Муродулло Шерализода, Муҳиддин Олимпур, Карим Юлдошев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Мунавваршоҳ Назриев, Сафаралӣ Кенҷаев, Хушбахт Ҳайдаров, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Виктор Никулин, Ҳомид Маликов, Зайниддин Муҳаммадиев, Нафасбек Раҳмонов, Искандар Карим, Шарифамоҳ Кишвардухт, Махсум Олимов, Ҳомидҷон Ҳакимов, Муҳаммадшариф Холов, Зикрулло Валиев, Давлаталӣ Раҳмоналиев ва бисёри дигар.
Ёдашон ба хайр бошад!
КАМБУДӢ ДАР ҲАМА ҶО ҲАСТ…
Модаркалонам мегуфт, “фақат ҷанг нашавад, шуд! Дигар ҳама мушкилиҳо ҳалшавандаанд. Фақат ҷанг нашавад!”
Норасоӣ дар ҳама ҷо ҳаст: оила, коргоҳ, ҷамъият, деҳа, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ. Аммо норасоӣ на танҳо дар Тоҷикистони мо, балки дар пешрафтатарин мамолики дунё ҳаст. Пас, оне, ки камбуди оилаашро пайваста мегӯяд, узви он оила нест, оне, ки норасоии меҳанашро мисоли саги аккосӣ аз дур истода расонаӣ мекунад, фарзанди сарзамини хеш нест! Оне, ки оилаашро, зодгоҳашро, Ватанашро бо ҳадафҳои муғризона равонаӣ мекунад, роҳи бозгашт ба оила, зодгоҳ ва Ватанро надорад! Камбуду норасоиро метавон танҳо бо кор, заҳмати шабонарӯзӣ, ҷонфидоӣ паси сар кард!
Тоҷикон миллати сабуру фарҳангпешаву тавоно ҳастанд. Бо он ҳама аз дастдоданҳо, захмин шуданҳо, куштору хиёнат миллати тоҷик побарҷост. Вазифаи муҳими мо ҳифзи арзишҳои Истиқлолият, худшиносии миллӣ ва расидан ба қадри сулҳу оромист. Агар ин се амалро бо дасту дили пок анҷом диҳем, ба ҳама орзуҳо метавон расид.
Таҳмина МИСРОБӢ