Ошоба: Варзишгоҳи нав бунёд мешавад

 858 боздид

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт рӯзи 2-октябр бо сокинон ва соҳибкорони деҳаи Хӯҷамбердиеви ҷамоати деҳоти Ошоба мулоқот намуд.
Дар мулоқот бо сокинон, роҳбарияти ноҳия масъалаи бунёди варзишгоҳро дар деҳаи Хӯҷамбердиев ба миён гузошта гуфт, ки мо бояд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт тариқи ҳашар варзишгоҳро сохта ба истифода диҳем. Барои ин амали хайр бояд ҳама дастҷамъона кӯшиш намоем. Мо бовар дорем, ки ин иқдоми пеш гирифтаи МИҲД-и ноҳияро соҳибкорони деҳаи мазкур низ дастгирӣ мекунад, барои бунёди варзишгоҳ ва ободии диёр саҳми худро мегузоранд.


Роҳбарияти ноҳия масъулини сохтмони варзишгоҳро бо лоиҳаи он шинос кард. Таъкид шуд, ки ба сифати корҳои сохтмонии варзишгоҳ диққати масхус дода, аз рафти корҳои сохтмонӣ мунтазам ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт гузориш пешниҳод карда шавад.
Маркази матбуотии Раиси ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.