Охири моҳи август пахтаҷамъкунӣ оғоз мешавад

 788 боздид

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз ҷараёни омодагии заводи пахтатозакунии ҶДММ “Рахшона” ба мавсими нави пахтаҷамъкунӣ дидан кард.

Тибқи иттилоъи Рафторҷон Муҳаммадиев сардори Раёсати кишоварзии ноҳия зимни боздид аз дастгоҳҳои пахтатозакунии заводи мазкур Зариф Мирдадо ба масъулин дастур дод то камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.

Заводи пахтатозакунии ҶДММ “Рахшона” дар ҷамоати деҳоти Ориён воқеъ мебошад. Мавсими нави пахтағункунӣ дар ноҳия охири моҳи август оғоз мегардад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.