Озмуни “Кадбонуи беҳтарин” оғоз гардид

 1 309 боздид

Имрӯз, 3-уми феврали соли ҷорӣ мутобиқ ба омодагӣ ва баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар гимназияи №1 шаҳраки Шайдон доир шуд. Дар он се дастаи ҷавондухтарон байни ҳам бо нишон додани малакаи пазандагӣ рақобат намуданд.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳия Ашӯрова Обода ба ҳунари ҷавондухтарон баҳои баланд дод ва гуфт мақсад аз баргузории озмун байни ҷавондухтарон тарғиб ва ташвиқи фарҳангу арзишҳои  миллӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба хӯроки миллӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шараку деҳот ва ҷамоатҳо гузаронида мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.