Озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардид

 862 боздид

Санаи 11 апрел дар тарабхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд, даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин”, байни кадбонуҳои соҳибзавқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъбаст гардид.

Дар озмуни мазкур, аз ноҳияи Ашт ду нафар кадбону Мӯниса Баҳоваддинова аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва Маҳфуза Юлдошева аз Ҷамоати деҳоти Шодоба иштирок намуданд.

Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун, барои омода ва пешниҳоди дурусти таоми субҳона, номи дурусти таом, ғизонокӣ ва фоиданокӣ, таркиби таом ва мавриди истифодабарии таом бо навиштаҷот дар лавҳаҳо, иштирокчӣ аз ноҳияи Ашт Маҳфуза Юлдошева, Дипломи дараҷаи 3 ва ҳамчун “Кадбонуи беҳтарин” бо маблағи 800 сомонӣ қадрдонӣ карда шуда, ба даври ҷумҳуривӣ роҳхат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки даври ноҳиявии Озмуни “Кадбнуи беҳтарин” моҳи марти соли равон, дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллал, дар ноҳияи Ашт гузаронида шуда буд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.