Озмуни “Мисгарӣ ва оҳангарӣ” дар Ашт

 753 боздид

Имрӯз, 25 апрел, дар тӯйхонаи “Орзӯ”-и Ҷамоати деҳоти Ашт, чорабинӣ бахшида ба истиқболи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, озмуни ноҳиявӣ таҳти унвони “Мисгарӣ ва оҳангарӣ”, бургузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёӣ Баҳриддин, мудири шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Каримӣ Ҳасанбой, мутахассиси пешбари М.Д “Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ” Мадина Тоҳирова, ҳунармандон, оҳангарон ва омӯзгорон иштирок доштанд.
Нахуст бо ибтикори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ашт, ярмаркаи хурди ҷойҳои холии корӣ, барои сокинони Ҷамоати деҳоти Ашт пешниҳод гардид.
Мадина Тоҳирова мутахассиси пешбари М.Д “Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ”, тавре ба мо иттилоъ дод, ҳадаф аз баргузории озмуни “Мисгарӣ ва оҳангарӣ”, ин пеш аз ҳама тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини ҳунарҳои “Мисгарӣ ва оҳангарӣ”, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти “Мисгарӣ ва оҳангарӣ”, ва арҷгузорӣ ба заҳмати устоҳои ҳунарҳои “Мисгарӣ ва оҳангарӣ” мебошад.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, миннатдории худро ба тамоми оҳангарон ва мисгарон расонида иброз дошт, ки усулҳои беҳтарини ҳунарҳои мисгарӣ ва оҳангариро оммавӣ гардонанд.
Дар охир ба як қатор ҳунармандон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни “Мисгарӣ ва оҳангарӣ” се давраро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки иштирок дар озмуни ноҳиявӣ маҳдуд набуда, сокинони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, ки дар маҳсулоти истеҳсолии худӣ, ҳунарҳои мардумӣ инъикос ёфтаанд, метавонанд дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намоянд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.