Озмуни ноҳиявии «Ғунчаҳои умед» ҷамъбаст гардид

 1 627 боздид

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида баҳри иҷрои Қарори Раиси ноҳия аз 16.04.2021, №180 оид ба гузаронидани озмуни ноҳиявии «Ғунчаҳои умед» бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи байналмилалии «Ҳифзи кӯдакон» санаи 26 майи соли 2021, дар толори муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» бо иштироки Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, кормандони якқатор ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, падару модарони тифлакон, мураббияҳо ва тарбиятгирандагон даври ноҳиявии озмуни «Ғунчаҳои умед» аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда шуд.
Дар озмун 11 (ёнздаҳ) муассисаҳои давлатии таълимии томактабии ноҳия иштирок намуда, ҳунари волои кӯдакони худро дар маҳорати суханварӣ, раққосагӣ, сурудхонӣ, тақлидкорӣ ва навозандагӣ нишон доданд.
Инчунин бо намудҳои либоси кӯдаконаи шинами духтарона ва писарона дар намудҳои тоҷикона, аврупоӣ ва умуман, дигар миллатҳо таҳти савти мусиқии форами ҷаззобу дилчасп намоиш доданд.
Мақсад аз баргузории озмуни ноҳиявӣ баланд бардоштани фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, густариши ҳамкориҳои тарафайн, ташаккули ҷаҳонбинӣ, худфаъолиятӣ, эҷодкории кӯдакон бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Озмуни ноҳиявӣ хотирмон баргузор гардида, барномаҳои беҳтарин ба таҷлили Рӯзи байналмилалии «Ҳифзи кӯдакон» номнавис карда шуданд.
Барномаҳои беҳтарини озмун дар таҷлили Рӯзи байналмилалии «Ҳифзи кӯдакон» бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти ноҳия қадрдонӣ карда мешаванд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.