Имрӯз, 31 октябри соли ҷорӣ дар деҳаи Сарои Ҷамоати деҳоти Понғоз, бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, сармутахассиси бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Зариф Боймуротов, директори мактаби варзишии рақами 1 Муҳсин Ашуров толори варзишии “Паҳлавон” оид ба гуштини тарзи озод барои наврасону ҷавонони ин деҳа ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилои Зариф Боймуротов сармутахассиси бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия мақсад аз бунёд ва ба истифода додани бино ин пеш аз ҳама ҷалби ҷавонон ба варзиш, оммавикунонии варзиш ва ривоҷу равнақи намуди варзиши гуштини тарзи озод байни наврасон ва ҷавонон буда, аз ин рӯ, мехоҳем то дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ наврасону ҷавононро тарбия намоем.
Тавре Тоҳир Шаропов зимни суҳбат иброз дошт, ҳамчун мурабби бо боварии том гуфта метавонам, ки дар ин толори варзишӣ паҳлавонони номиро тарбия намуда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами кишвари азизамонро боло мебардорем.
Дар ифтитоҳи ин толори варзиши муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ зикр дошт, ки дар оянда наврасону ҷавононе, ки инҷо тамрин мекунанд бо ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
Ёдовар мешавем, ки толори варзишии “Паҳлавон”-и деҳаи Саро аз ҷониби сокинони ин деҳа сохта шуда, дар инҷо як мураббӣ ва 30 нафар наврасону ҷавонон аз рӯи намуди варзиши гуштини тарзи озод тамрин менамоянд.