Дар шабакањои интернетї имрўзњо наворњои аз тарафи ташкилоти Паймони миллї пахш гардида истодаанд, ки хоинони миллати тољик Алим Шерзамонов, Илњом Ёќубов, Шарофиддин Гадоев аз хориљи кишвар истода Тољикистонро бадном мекунанд. Хоини асосї Муњиддин Кабирї сарвари онњо аст. Ин чор нафар Дар шањри Варшава якљоя ташкилоти Паймони миллиро ташкил намудаанд. Ин чи хел Паймон аст. Тољикистон 10 миллион ањолї дорад. Аъзоёни ин ташкилот ангуштшуморанд. Гўё мехоњанд ба тољикистон кўмак кунанд. Дар асл дар зери шиорҳои бофтаву таълимоти «динӣ» ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш ба ивази пулу мол супоришҳои пешвоён ва хољањои худро иҷро намоянд. Агар маќсади онњо пешравии Тољикистону мардуми тољик бошад барои чї дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Тољикистон ширкат намеварзанду канораљўи мекунанд. Ин ашхос ба ѓайр аз иѓвоандозию фитнакорї ба дигар кор ќудрат надоранд.
Аз таъсири чунин шахсони њуруфотпараст, иѓвогару фиребгар дар зери ниќоби ислом ва бо пули хољањои давлатњои хориљї имрӯз зиндагии мардуми Либия, Ироқ, Сурия ва Яман хароб гашта мардум бе хонаву дар гаштаанд. Шаҳрҳои ободу зебои ин кишварҳо ки њамасола миллионњо сайёњонро ќабул мекарду ба буљаи давлат даромадњои калон ворид мешуд ба харобазор табдил ёфтааст. Мардуми фиребхурдаи ин давлатњо табаддулот гуфта, ба гуфтаи нохалафон бовар карда осоиши рӯзгору зиндагии худро аз даст додаанд.
Ин инќилобчиён њатто љойњои таърихии њазорсолањоро, ки аз тарафи аљдодон сохта шуда буданду мардум бо он фахр мекарданд ва аз тарафи ташкилоти љањонии ЮНЕСКО њамчун мероси аљдодї ќабул шуда буданд ба нестї оварда расониданд.
Агар мову шумо мардуми Тољикистон ба гуфтаи ташкилоти Паймони миллї ва њуруфотчиён ба монанди Кабирї бовар кунем он рўз дур нест, ки Тољикистонро ба хароба табдил дињем мардуми осоиштаро бе хонаву дар кунем.
Ин кирдорњои нољавонмардонаи Кабирї ва њаммаслаконашро мо сокинони сарбаланди ноҳияи Ашт хуб медонем ва ҳаргиз фирефтаи онҳо нахоҳем шуд.
Асри 21 асри тараққиёти илму техника буда, аз мо талаб менамояд, ки пайваста хонем, илм омўзем дониши худро баланд бардорем ва барои ободиву гулгулшукуфоии Тоҷикистони озоду соҳибстиқлол сањмгузор бошем. Пеш аз ҳама дар пеши мо вазифаи аз ҳама муқаддас муҳофизати марзу буми кишвари азизамон- Тоҷикистон истодааст, ки мо бояд зиракии сиёсии хешро боло бардорем ва нагузорем, ки ҳаргуна афроди зишт ба монанди ғояҳои ҳизбї ба номи террористиву экстремистии наҳзати ислом дар шуури мо ақидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизимро ҷой диҳад.