Пайёми табрикотии Раиси ноҳия Ашт Муҳамадзода Шӯҳрат ба муносибати Рӯзи Модар!

 464 боздид

Модар барои ҳар инсон азизтарин шахс аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин калимаи  Ватан бо калимаи Модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду калима барои ҳар як инсони соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Зан барои башарият олитарин неъмат ва нигаҳбони ҳаёти созандаи шахсият аст.

Албатта зан беҳтарин мӯъҷизаи парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, номус, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофариро таыдим кардааст.

Имрӯз, ки мо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои зебову фараҳбахш-Рӯзи Модар ҷамъ омадаем, модарону бонувони арҷманд ва занону хоҳарони азизи ноҳия, инчунин, Шумо- ҳозирини гиромиро самимона табрик гуфта, саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаободӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

Дар ин лаҳзаҳои хотирмон бо ифтихор баён менамоям, ки сабру тоыат, номусу маърифат ва ҳамчун сифатҳои беҳтарини миллӣ мақому манзалати бонувони моро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро азизи ҳар як оила ва қуввати дили аҳли хонавода гардонидаанд.

Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Саодати зиндагӣ дар калимаи Зан-Модар ҷой гирифтааст.”  Ба ҳамин маъно Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз намуда буданд: “Ҷомеае, ки ба Зан –Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.”

Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодихоҳи зани тоҷик — ин аст калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо.

Даврони соҳибистиқлолӣ занро нерӯи тозаи созандагӣ бахшид, таваҷҷӯҳу дастгирии пайвастаи Сарвари кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба зан, баланд бардоштани мақоми ӯ дар ҷомеа рукни муҳими сиёсати давлатӣ гашт.

Бонувони мо имрӯз бонангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд. Саҳми арзишманди онҳо ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад.

Мо ҳар яки Шумо, модарону бонувони азизро дӯст медорем, бо занону духтарони ватандӯст ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки Шумо вазифаҳои ба уҳда доштаи худро минбаъд низ сарбаландона иҷро карда, дар рушду ободии диёр саҳми боз ҳам бештар мегузоред.

Ҳукумати мамлакат ва мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон  ва дастгирии ин табақаи бонуфӯзи ҷомеа тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Солҳои охир дар натиҷаи бунёд ва ба истифодадиҳии якқатор иншоотҳои иҷтимоӣ, аз қабили коргоҳҳои дӯзандагиву нуқтаҳои хизматрасонӣ садҳо нафар занону бонувон бо ҷойи кор таъмин шуда истодаанд.

Дар ноҳия, махсусан, дар деҳот низ корҳои вазнину заҳматталаб ба дӯши занону бонувон қарор доранд.

Б ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат имсол дар ноҳия ду коргоҳи калон яке коргоҳи ҷуроббофӣ бо 200 ҷойи корӣ ва дигаре коргоҳи ресмонресӣ бо 400 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки занону бонувони мо ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Имрӯз аксари хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияро занон роҳбарӣ мекунанд. Ҳоло дар ноҳия роҳбарони  хоҷагии деҳқонӣ 1 328 нафар занон мебошанд ва онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Бонувону модарони мо иқдоми созандагӣ -бунёдкоронаро самимона дастгирӣ карда, дар қатори мардон баҳри ободу зебо намудани диёр бо бунёди иншоотҳои гуногуни иҷтимоӣ-хизматрасонӣ ва ободии роҳҳо саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.

Умедворам, ки бонувони ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ гузошташуда, доир ба азхудкунии касбу ҳунар амал карда, дар солҳои оянда бо тамоми роҳу воситаҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ байни занону духтарон  саҳм мегузоранд.

Саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маърифат, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои  ҳаёти иҷтимоии ноҳия торафт афзун шуда истодааст.

Касби бошарафи омӯзгориро 3000 нафар занону бонувони ноҳия ба уҳда дошта, дар таълиму тарбияи насли ояндасоз нақши арзанда мегузоранд.

Занону бонувони мо ҳамчун табибу ҳамшираи шафқат барои саломатии аҳли ҷомеа заҳмат кашида, беморонро шифо мебахшанд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир майли духтарон ба таҳсил ва гирифтани маълумоти олии касбӣ торафт бештар шуда истодааст. Ҳоло қариб 2 600 нафар духтарони ноҳия машғули омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд.

    Дар ҳақиқат, занону бонувони тоҷик  бо сабру тоыат, меҳру садоқат ва гузашта аз ин, бо кору пайкори созанда ва заҳмати софдилона номи Зан-Модарро маҳбуби қалбҳо гардонидаанд.

Тавре аллома Иқбол мегӯяд: “Зан чароғи пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст”.

Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрати модарону бонувони азиз таҳсин хонда, бовар дорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон нақши шоистаи худро мегузоранд.

Дар охир, бори дигар ҳамаи Шумо, модарони мӯнису ғамхор, бонувони хушбахту сарбаланд ва духтарони боғайрату ватандӯстро ба муносибати  Рӯзи Модар табрик гуфта, саломатӣ, рӯзгори обод ва иқболи нек орзу менамоям.

     Рӯзи Модар муборак, модарону бонувони азиз!

 

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.