Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати Иди саиди Фитр.

 507 боздид

Дар ин лаҳзаи идона кулли мардуми ноҳияро ба муносибати Иди саиди Фитр, ки баёнгари арзишҳои инсонӣ — сабру таҳаммул, накӯкорӣ, раҳму шавқат ва меҳру муҳаббат мебошад, самимона табрик гуфта, барои ҳар як хонадон осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи табрикоти шодбошиашон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон барҳақ қайд намуданд, ки “Моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини Ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтимоли якдигар, раҳму шафқат ва кӯмак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад.

Воқеан ҳам, дар ин моҳи муборак бо нияти хайр анҷом додани амалҳои нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, авфи гуноҳҳо, аз дилҳо баровардани кинаю адоват, аёдати беморон, эҳтироми падару модар ва хешу таборон, аз Худованд талаби оромиву осоиши сарзамин ва рушду шукуфоии онро кардан аз одат ва фазилатҳои аслии милливу динии мардуми бунёдкор ва созандаи мо ба ҳисоб меравад.

Имрӯз бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию ободкорӣ идома дошта, мардуми ноҳия барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ софдилона меҳнат намуда истодаанд.

Зеро, чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, “Барои ободии Ватан анҷом додани амалҳои хайр низ як навъ ибодат буда, аҷру савоби он аз дигар рукнҳои Ислом кам нест.”

Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус баҳр суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободӣ, оромиву осудагии Ватани азизамон, дастгирии шахсони ниёзманд, ятимону бепарасторон ва барҷомондагон хайру эҳсонро дареғ надошта, барои осудагии ҳар хонаводаи халқи Тоҷикистон кӯшиш менамояд.

Бори дигар тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки Шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, имони комил ва дар рушди устувори Ватани азизамон муваффақиятҳо орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.