Пахтачинӣ: Ашт дар ҷои аввал

 1 610 боздид

Хоҷагии пахтакори “Рахшона”-и ноҳияи Ашт ду адад комбайни нави пахтачинии истеҳсоли Узбекистонро ба ноҳия ворид намуда, ба чиниши пахта вусъати тоза бахшид.

Рафторҷон Муҳаммадиев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия мегӯяд, техникаҳои нав дар як рӯз кори зиёда аз 300 нафарро анҷом медиҳанд. Ҳар як мошинаи пахтачинӣ қодир ба он аст, ки дар як рӯз зиёда аз 10 тонна пахтаро чинад. Иҷроиши нақшаи солонаи пахта дар ноҳия ҳоло ба 114.8 фисад баробар шуд. Дар миқёси вилоят ин нишондод ҳамин шабонарӯз дар ҷои аввал аст.

То имрӯз аз хоҷагиҳои пахтакори ноҳия 10 ҳазору 562 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2945 тонна барзиёд мебошад.

Соли ҷорӣ дурнамои истеҳсоли пахта дар ноҳияи Ашт 9200 тонна муайян шуда, нақша пурра иҷро гардид.  Мувофиқи пешгӯиҳои кормандони Раёсати кишоварзии ноҳия, боз ба даст овардани зиёда аз 2 ҳазор тонна ҳосили барзиёди пахта дар назар аст.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.