Паём таъмини зиндагии шоиста

 53 боздид

Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Ашт сафари кории гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 22 декабри соли 2017 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҶТ” сурат гирифт.

Санаи 9 январи соли равон бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ориён ва Пунук, санаи 10 январ дар ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор, Ошоба ва Ашт вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ таҳти сарварии ёрдамчии  Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода баргузор шуданд.

Вохӯриро Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо оғоз намуда, ташрифи меҳмонони олиқадрро ба ноҳияи дурдасти кишвар хайрамақдам гуфт.

—Паёми имсолаи Пешвои миллат аз бозгӯйи масъалаи муҳими рӯз—сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суботу амнияти кишвар, таҳлили вазъи сиёсии минтақа оғоз гардид,—гуфт сарвари ёрдамчии  Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода. Қайд гардид, ки бетараф набудан дар муносиботи ҳамаҷонибаи кишварҳои ҳамҷавор, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, риояи ҳусни ҳамҷаворӣ дар муносибат бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон муҳим аст. Дар маърӯзаи М.Ватанзода  ҳамчунин оид ба самтҳои асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, саноат, сиёсати дарҳои боз, дипломатияи иқтисодӣ андешаҳои судманд баён шуданд. Имсол буҷети ҶТ ба маблағи 21,3 млрд. сомонӣ тасдиқ шудаву дар назар аст, ки ин рақам солҳои наздик ба 89 млрд. сомонӣ расонида мешавад. Таваҷҷуҳи беш зоҳир намудан ба рушди соҳаи паррандапарварӣ, ворид намудани технологияҳои нав, ки аз арзишҳои андози иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд, содироти маҳсулоти ниҳоӣ, такмили Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ”, баланд гардидани музди маоши кормандони соҳаи буҷавӣ, амнияти миллӣ, рушди соҳаи бонкӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ низ бозгӯ шуданд.

Тибқи муқоисаи нархҳои истифодаи барқ аён шуд, ки дар Тоҷикистон нархи он дар муқоиса бо дигар кишварҳо арзон аст. Аз ҷумла, нархи истифодаи барқ дар ФР—38 дирам, Белоруссия—45 дирам, Ӯзбекистон—55 дирам, мамолики Аврупо—то 3 сомонӣ ва Тоҷикистон—17 дирамро ташкил медиҳад. Боиси хурсандист, ки моҳи декабри соли 2018 агрегати якуми НБО-и “Роғун” ба кор медарояд.

М.Ватанзода ёдовар шуд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар масоили  ҷустуҷӯйи ҳалли мушкилоти об чун лидер шинохта шудаву ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон дар ин самт аз ҷониби кишварҳои мутараққии ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст ва нуктаҳои “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мавриди амал қарор мегиранд.

Соли 2018-ро сарвари давлат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ноҳияи Аштро зарур аст, ки дар ин самт бо фароҳам овардани  инфрасохтори сайёҳӣ қадаме ба пеш гузорад. Барои сайёҳон ҷойи истиқомат фароҳам оварад, арзишҳои миллии ноҳияро муаррифӣ созад.

Вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Холмуҳаммадзода А.Х. дар баромадаш оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мутаассифона василаи истифодаи нерӯҳои хориҷӣ қарор гирифтани як гурӯҳ ҷавонони гумроҳ сухан гуфт. Қайд карда шуд, ки имсол  ба соҳаҳои маориф 3,8 млрд. сомонӣ ва тандурустӣ 1,5 млрд. сомонӣ ҷудо шудааст. Эътимод ҳаст, ки дастандаркорони ин соҳаҳои калидии ҷомеа баҳри рушди ояндаи кишвар масъулияти баланд зоҳир мекунанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Х.Сатторзода, судяи суди иқтисодии вилоят Ҷамшед Носирӣ чанд нуктаи муҳими Паёмро баррасӣ намуданд.

Санаи 11 январ дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинони маркази ноҳия дар иртибот ба ташреҳи Паёми солонаи сарвари давлат баргузор шуд. Ширкаткунандагон бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки зина ба зина расидан ба татбиқи ҳадафҳои стратегии миллат дар раванди давлатдории навини кишвар ба фаъолияти босамару дасту дили поки ҳар нафар вобаста буда, дар амал татбиқ намудани нуктаҳои Паём боиси таъмини зиндагии шоиста мегардад.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *