Модарон, бонувону хоҳарони арҷманд!
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандагари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман аҳли башар ба ин шахсияти бемислу беҳамто арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Аз ҳамин сабаб ҷашни фархундаи Рӯзи Модар бо фарорасии баҳор ва Соли нави аҷдодӣ мутобиқ гардида, ин ду рамзи некиву саодат пайи ҳам таҷлил карда мешавад.
Ба ифтихори ин ҷашни мубораку фараҳбахш-Рӯзи Модар тамоми модарону бонувони диёр, фарзандони некбхати Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз самими қалб табрик гуфта, бароятон хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям.
Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба занон мебошад.
Зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Чуноне, Пешвои муаззами миллат зимни суханрониашон ба ин муносибат таъкид намудаанд, ки: “Ҳар кадоми Шумо, модарону хоҳарони гиромӣ, тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахшандаи анъанаҳои неки гузашта буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳед ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоед”.
Шоир низ бо дарназардошти ҳамин фазилатҳои модарон гуфтааст:
Файзи ҳастӣ аз вуҷуди меҳрубони модар аст,
Асли мо, ному нишони мо забони модар аст.
Имрӯз бо қаноатмандӣ изҳор менамоем, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.
Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст.
Ба ин маънӣ, занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд.
Модари тоҷик ҳазорон фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст.
Агар ободиву суботи ҷомеаро осоишу оромии ҳар як оила таъмин намояд, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии Зан-Модар сарчашма мегирад.
Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати Модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад.
Модар бароямон на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад.
Бинобар ин, мо вазифадорем, ки қадру манзалати занону модаронро ба таври шоиста ба ҷо орем ва дар хотир дошта бошем, ки сарчашмаи бузургии кулли бузургони ҷаҳон- Модар аст.
Итминони комил дорам, ки Шумо-ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии диёрамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модаронаи худ идома медиҳед.
Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, Шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда-Рӯзи Модар табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо ва ба ҳамаи бонувону хоҳарони ноҳиятандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавиатон меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Сано ба Модар – ба олиҳаи меҳру шафқат, раҳнамову раҳбар ва азизи ҳар як хонадон!
Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!