Паёми табрикии Раиси ноҳия Мирдадо Зариф бахшида ба Соли нави 2022

 355 боздид

Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии Соли нави мелодиро ба кулли ҳамватанон муборакбод гуфта, саломатӣ, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва хонаободию хушрӯзгориро таманно дорам.
Соли 2021 дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо бо хатҳои зарҳалин сабт хоҳад шуд. Зеро, дар ин соли ҷашни таърихӣ мардуми шарафманди кишвар дар заминаи татбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, бо ба истифодадиҳии садҳо иншоотҳои хурду бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо руҳияи баланди ифтихор аз ватандорию соҳибистиқлолӣ таҷлил намуданд.
Дар арафаи соли нави мелодӣ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дастури корӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ маҳсуб гардида, эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”ба пешрафту тараққиёти иқтисодиёти кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баробари натиҷагирӣ аз соли 2021 бо умеду ормонҳои нек, бо эътиқод ба рӯзи фардои босаодати аҳли ҷомеа ва бо шарофати пойдории ваҳдати миллӣ, осудагии диёр ва дарки ватандории ҳар шаҳрванд дар соли тозапаём нақшаҳои муҳими меҳнатиро тарҳрезӣ намуда, азм дорад, ки дар рушду нумӯи Ватани азизамон-Тоҷикистон ва зиндагии тинҷу осудаҳолонаи мардум боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.
Қобили зикр аст, ки соли 2021 дар ноҳия таъмини ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, сохтмони мактабу синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои фарҳангиву сайёҳӣ, тандурустӣ, иншоотҳои варзишӣ, коргоҳҳои хурди саноатӣ, эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ густариши тоза пайдо карданд.
Бо чунин таманниёти нек бори дигар, фарорасии Соли нави 2022-ро ба ҳамаи ҳамдиёрони азиз таҳният гуфта, дастоварду музаффарият, дастархони пур аз нозу неъмат ва саломатию хотирҷамъӣ таманно дорам.
Соли нав муборак!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.