Паёми табрикии Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бахшида ба Иди саиди Қурбон

 438 боздид

Ҳамдиёрони азиз!

Бахшида ба муносибати Иди саиди Қурбон ҳамаи Шумоён ва дар шахсияти Шумо аҳли хонаводаатонро самимона табрик намуда, тансиҳативу хотирҷамъӣ, файзу баракат дар рӯзгор, дастурхони пурнозу неъмат ва саодатмандии дунёро таманно менамоям.

Иди саиди Қурбон, яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва аз ҷумлаи суннатҳои бисёр писандидаи мардуми мусалмони мо мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон дар ҷашнгирии Иди саиди Қурбон зикр намуданд, ки «Иди Қурбон дар худ арзишҳоеро таҷассум менамояд, ки онҳо ифодакунандаи фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳар фарди доро ба вазъи зиндагии эҳтиёҷмандон, кӯмаку дастгирии онҳо ва дароз кардани дасти муҳаббату бародарӣ замимаи ҳаётӣ мебошанд».

Дарвоқеъ, баровардани ҳоҷати ниёзмандон, ҳалли мушкилоти онҳо ва раҳоӣ бахшидан аз душвориҳо, берун намудан аз ғаму андуҳ ва шоду хурсанд кардани бепарасторон аз ҷумлаи воҷибтарин амалҳоест, ки дар Қуръони карим омадааст, “Беҳтарин садақа он аст, ки бар ниёзманд расонида шавад”.

Вазифаи муқаддаси ҳар як фарди мусулмон он аст, ки ҳамдигарро бо дӯстию рафоқат, ҳамдилӣ, роҳнамоӣ бо меҳнати ҳалол, созандагию ободкорӣ ва ба анҷом расонидани дигар амалҳои хайр даъват намояд.

Ҳиссагузории шахсиятҳои саховатпешаи ноҳия дар арафаи Иди Қурбон дар корҳои ободонӣ, бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ, тозаву обод кардани қабристонҳо, мумфарш гардонидани роҳҳои байни деҳаву маҳаллаҳо, гузаронидани хатти оби нӯшокӣ ва ёрии доимӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия зиёд гардида истодааст.

Имрӯзҳо Иди Қурбон дар рӯзҳое баргузор гардида истодааст, ки ҷомеаи ҷаҳониро бемории сироятии COVID -19 ба ташвиш андохтааст. Аз сабаби ин беморӣ дари масҷидҳо баста шуданд, аз ин лиҳоз, ҳар як намозгузорро мебояд, намоизи идро дар хонаи худ ҷо оварда, дар доираи имконият хайру қурбониҳои худро ба шахсони эҳтиёҷманд, ятимону пиронсолон, маъюбону барҷомондагон супоранд, ки ин яке аз амалҳои инсондӯстона ва ҳимматбаландии онҳоро нишон медиҳад.

Ҳамчунин, моро мебояд баҳри пешгирии сироятёбӣ аз бемории сирояти коронавирус COVID -19 дар рӯзи Иди Қурбон ба маросимҳо ва чорабиниҳои идонае, боиси зиёд ҷамъшавии одамон мегардад, роҳ надиҳем, фосилаи байниҳамдигариро нигоҳ дорем, бо риояи гигиенаи беҳдоштӣ ба худ ва пайвандон эътибори аввалиндараҷа диҳем ва дар доираи оила Иди саиди Қурбонро қайд намоем.

Изҳори боварӣ менамоям, ки сокинони ноҳия дар ин вазъияти ҳассоси бавуқӯъ омода тавсияҳои пешниҳодгардидаро риоя намуда, минбаъд низ баҳри идомаи корҳои ободониву созандагӣ ба хотири таҷлили сазовори ҷашни таърихии 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содиқонаю софдилона меҳнат хоҳанд намуд.

Бори дигар мардуми шарафманди ноҳияро ба Иди саиди Қурбон табрик гуфта, сиҳатмандӣ, фазои орому осуда ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи ҳамешагиро таманно дорам. Ҳамеша зиндагиро дӯст доред, дар гул-гулшукуфоии диёр, ба фардои дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузор бошед ва худу пайвандонатонро эҳтиёт намоед.

Иди Қурбон муборак!

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.