Паёми табрикии Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии волонтёрон,5-уми декабри соли 2022

 539 боздид

Волонтёрони азиз!

Ҳамасола рӯзи панҷуми декабр — ҳамчун Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёрон) дар Тоҷикистон ва ҷаҳон таҷлил мегардад, ки дар ин рӯз мо ба ҳаракати ихтиёрӣ арҷ мегузорему  намояндагони ин фаъолиятро бо дилгармӣ ҷонибдорӣ менамоем.

Бо ифтихору сарфарозӣ ва бо эҳсоси баланди ватанпарастӣ ин санаи муҳимро ба ҳар яки Шумо самимона шодбош гуфта, саодати рӯзгор, хушбахтӣ, солимӣ ва ҷиҳати амалӣ намудани ниятҳои неку созанда дастовардҳои беназир ва комёбиҳои шоиста таманно дорам.

Воқеан дар сатҳи қонунгузорӣ танзим гардидани фаъолияти волонтёрӣ далели таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати насли ояндасози кишвар ва фаъолияти содиқонаву фидокоронаи Шумо мебошад.

Шумо ҷавонон қувваи бузурги ҷомеа буда, дар ҳама ҳолат дастгиру мададрасони калонсолон маҳсуб меёбед.

Вазифаи мову Шумо дар шароити имрӯза афзун намудани донишҳои замонавӣ, зоҳир намудани ташаббускорӣ, иштироки фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ҳамчун пайравони Пешвои муаззами миллат боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон-Тоҷикистон мебошад.

Имрӯзҳо дар ноҳияи мо низ сафи зиёди ҷавонони фаъолро мушоҳида кардан мумкин аст, ки баҳри ободу зебо гардонидани диёру маҳали хеш, дастгирии кӯдакону пиронсолон, маъбон, ҳифзи муҳити зист, инчунин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа нерӯ ва вақти худро мебахшанд.

Дар партави сиёсати давлатӣ фаъолияти Шумо волонтёрон, ки бевосита аз ҳисоби насли наврас ва ҷавон дар назди бахши кор бо ҷавон ва варзиши ноҳия таъсис дода шудааст, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва садоқат ба Ватан эҳсос мегардад.

Хурсандиовар аст, имрӯзҳо шумораи волонтёрони бахш торафт афзуда, ҳамаи онҳо дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои ноҳиявӣ мунтазам иштирок ва саҳмгузорӣ менамоянд.

Боварии комил дорам, ки Шумо волонтёрон минбаъд низ бо хислатҳои наку ва ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ барои ободии диёр  камари ҳиммат баста, дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда мегузоред.

Рӯзи байналмилалии волонтёрон муборак бошад!

Ҳамеша сарбаланду пирӯз ва ҳамқадами замон бошед!

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.