Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи Шуморо дар соли ҷашнӣ- 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Иди Қурбон самимона табрик мегӯям ва орзуманди саломатию сарбаландӣ ва оромию осоиши рӯзгори тамоми сокинон ҳастам.
Иди саиди Қурбон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатӣ ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ гиромӣ дониста мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми шодбошиашон ба муносибати Иди Қурбон қайд намуданд, ки “Фарҳанги ислом беҳтарин арзишҳои маънавию ҳаётӣ, ба монанди омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, заҳмати созандаву ободгарона, дӯстиву рафоқат ва таҳаммулгароиро талқин карда, аҳли ҷомеаро ҳамеша ба иҷрои амалҳои нек ҳидоят менамояд.”
Вобаста ба ин, соҳибкорони саховатманд ва мардуми баору номуси ноҳия имрӯзҳо баҳри ободу зебо гардонидани макони зист, кӯчаву хиёбон, деҳаву маҳаллаҳо ва шаҳраку деҳот бо бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун аз қабили мактабу кӯдакистон, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва хизматрасонӣ, коргоҳҳои саноатӣ, майдону толорҳои варзишӣ, таъмири роҳу бунёди купрукҳо ва чанде дигар саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Имсол мо 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем ва бояд шукронаи ин неъмати бебаҳо, яъне ваҳдати ягонагӣ, сулҳу оромӣ, истиқлолу озодиро ба ҷо оварем, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва тамоми саъю кӯшиши худро ба таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон равона созем.
Инчунин, бояд ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои ояндасози халқамон эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем. Зеро, давлатро ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус, соҳибмаърифату донишманд ва дорои касбу ҳунарҳои муосир бунёд мекунанд.
Бинобар ин фарзандони худро ба роҳи рост ҳидоят намоем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, муомилаву муоширати хуб ба камол расонем.
Дар айёми таҷлили иди саиди Қурбон ба аъзои оила, хешу табор, наздикону ҳамсояҳо меҳрубониву ғамхорӣ зоҳир намоем ва хусусан, дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату азодорро фаромӯш насозем.
Инчунин, моро зарур аст, ки дар раванди анҷоми амалҳои хайр ба корҳои ободониву созандагӣ вусъат бахшида, ҷиҳати сазовор дар сатҳи баланди сиёсӣ-ташкилӣ таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоем.
Бори дигар иди саиди Қурбонро ба мардуми ноҳия табрик мегӯям ва ба ҳар хонадон саломатӣ, саодатмандӣ, сарбаландӣ, имони комил ва муҳимтар аз ҳама оромиву осоиш орзу менамоям.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!