Паёми табрикотии Раиси ноҳия муҳтарам Муҳаммадзода Шӯҳрат  ба муносибати Рӯзи варзишгарон.

 6 045 боздид

Варзишгарон, собиқадорон ва мураббиёни варзиш!

 Ҳамасола дар саросари кишвар санаи 10-уми август ҳамчун Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад ва дар радифи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то таҷлили он рӯзҳои башумор мондааст, ин санаи фархундаро ба кулли кормандон ва собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиёну варзишгарон ва дӯстдорони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муборакбод намуда, саломативу хонаободӣ, фирӯзиву сарбаландӣ ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно менамоям.

Воқеан, варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Дар ин хусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид менамоянд, ки “Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем.”

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ  ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуда, имрӯзҳо тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини  оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардида истодааст.

Тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.

Варзиш дар ҳаёти аҳли ҷомеа, бахусус, ҷавонон ҳамчун омили тавонои ҷисму руҳи солим, муҳимтар аз ҳама таблиғи тарзи ҳаёти солим  хизмат мекунад.

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумат соҳаи варзиш рушду нумӯъ намуда, баҳри ба натиҷаҳои назарраси варзишӣ расидан ҳамасола аз буҷаи давлат ба ин соҳа маблағҳо пешбинӣ гардида, сол ба сол зиёд гардида истодааст.

Ин буд, ки маблағгузории соҳа аз 94 ҳазору 175 сомонӣ ба 144 ҳазору 175 сомонӣ расонида шуд, ки бевосита ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш мусоидат менамояд.

Инчунин, дар ин муддат ҷиҳати ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим дар ҷамоатҳои деҳоти дурдаст 24 гурӯҳи варзишӣ ташкил карда шуда, фарогирӣ ба ин гурӯҳҳо мунтазам зиёд гардида истодааст.

Дар ноҳия 4 муассисаи давлатии мактабҳои варзишии №1, №2, №3 ва муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии футбол фаъолият намуда, ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш, тайёр намудани варзишгарони болаёқат, 69 нафар мураббиён фаъолият карда истодаанд.

Дар ин муассисаҳо аз рӯйи 14 намуди варзиш аз ҷумла, бокс, бадминтон, тӯби дастӣ, волейбол, гӯштини тарзи озод, футбол, варзиши сабук, чавгонбозӣ, таэквандо ВТФ, муай-тай, шоҳмот, дастхобонӣ, дар маҷмӯъ 8 намуд олимпӣ, 3 намуд ғайриолимпӣ ва 3 намуди варзиши миллӣ ҷиҳати дар сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ тайёр намудани варзишгарон ва оммавигардонии варзиш тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Варзишгарони ноҳия анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳо гардида истодаанд.

 Дар нимсолаи аввали соли 2023 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 131 медали тилло, 141 медали нуқра ва 116 медали биринҷӣ гардиданд.

Инчунин қайд намудан ба маврид аст, ки сохтмон ва ба истифодадиҳии майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби соҳибкорону хайрхоҳон ва дӯсторони варзиш дар миқёси ноҳия ба ҳукми анъана даромада, дар 6 моҳи соли равон як адад майдончаи варзишӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Рӯзиев Нурмуҳаммад дар деҳаи Қалами Ҷамоати деҳоти Ориён сохта ба истифода дода шуд.

Мақсад аз бунёд ва ба истифода додани бино ва майдончаҳои варзишӣ ин пеш аз ҳама ҷалби ҷавонон ба варзиш, ривоҷу равнақи ҳама гуна варзиш байни ҷавонону наврасон буда, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо мебошад.

Имрӯзҳо нуфӯзи футболи тоҷик дар миқёси давлатҳои хориҷи кишвар боло рафта истодааст, ки дар он саҳми футболбозони тоҷик калон аст.

Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзиши футбол”-и ноҳия аз соли 2018 фаъолияташро оғоз намудааст, ки дар он 17 нафар мураббиён баҳри тамрини гурӯҳҳо сафарбар шудаанд.

Дар ноҳия дастаҳои футболи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот амал карда, мунтазам дар бозиҳои минтақавии байни дастаҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия ва лигаи ноҳиявӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Боиси ифтихор аст, дастпарварони муассиса дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, шарафи Тоҷикистонро баланд бардошта истодаанд.

Ман боварӣ дорам, дастаҳои футболи ноҳия маҳорату малакаи касбии худро боз ҳам равнақ дода, дар мусобиқаҳои минбаъда ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор хоҳанд гашт.

Боварӣ дорам, ки варзишгарони ноҳия минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои варзишӣ равона намуда, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Дар ҷодаи пешрафти фаъолияту зиндагӣ ба ҳар як варзишгари ноҳия саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Бори дигар ид муборак бошад!

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.