Паёми табрикотии Раиси ноҳия муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар

 1 717 боздид

 Модарону бонувон ва  хоҳарони арҷманд!

 

       Зан-модар кист?

Беҳтарин туҳфаи  Худованд, фариштаи рӯи замин, зеботарин муъҷизаи дунё, ыиматтарин дурдонаи бебаҳо, шабчарощи хонадони ҳар яки мову Шумо!

Ӯ ҳамонест, ки агар гиёҳе офарида мешуд, гул буд. Агар паррандае офарида мешуд, товус буд. Аммо ӯ инсон офарида шуд, чун Модар, хоҳар, дӯст, ҳамсар. Бузургтарин неъмати ҳастии рӯи замин ҳаст кард.

Ӯ ҳамонест, ки бо додани гуле хушнуд ва бо шунидани сухани хуш лабханд мезанад.

Маҳз, ба хотири хислатҳои нармдиливу меҳрубонияш  ӯро Модар номиданд.

Ҷисми Модар, ыалби Модар, номи Модар ба инсон рӯҳу илҳоми тоза бахшида, зиндагиро таровату зебоӣ медиҳад. Аз ин лиҳоз, Модарро сарчашмаи ҳамаи хубиҳо, меҳрубониҳо ва ғамхориҳо меноманд.

Ба ҷо овардани эҳтироми Зан-Модар  дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар таъкид карда шуд, ки

“Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ баланд бардошта, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоиро роҳандозӣ намудем.

Мо бояд на танҳо дар як Рӯзи Модар, яъне санаи 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. ”

Ин таъкидҳои сарвари давлат моро вазифадор менамояд, ки боз ҳам ба бонувону занон ва духтарон  аҳамияти аввалиндараҷа  дода, гиромидошти эҳтиром ва эътибори насли ояндаофари миллатро ба ҷо оварем.

Модар  ба насли тоҷик фарзандоне ато намуд, ки ҷаҳон офаринаш хонданд.

Модар Ситорабону Ибни Сино фарзанде ба олам овард, ки илми тибро поя гузошт, модар Розия Озод Бобоҷон Щафуровро ба олам овард, ки миллати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуд.

Модар Бибизуҳрост, ки Лоиыро ба дунё овард ва Модар Бибимарям аст, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалии Раҳмонро ба дунё оварда, ки мардуми парешонрафтаро сарҷамъ намуд. Офарин ба чунин Модарон! Ба модари фарзонаи миллат! 

Зан-Модар чарощи нарму рӯшан чун гулбутаи зебо, чун кӯдаке аз гуноҳ пок, чун ёыути ҳамранги дарё,  чун лолаи зебои навшукуфта, чун ситораи сари танури сӯзон, чун дилбари ҳамеша дар интизор буда, ки ҳамеша бояд дӯст дошту муҳаббатро арзонӣ дошт.

       Бонувони гиромӣ!

Чи хеле ки Сарвари кишвар дар баромадҳояшон дар ситоиши Зан-Модар баён менамоянд: “Сухане, ки аз модар мешунавӣ, меҳрубоние, ки аз модар мебинӣ, ягон шахси дигар гуфта ва карда наметавонад.

Касе, ки беҳурматӣ мекунад, дуои неки падару модарро намегирад, умри бобаракат намебинад.”

Имрӯз соатҳо дар ҳаыыи Шумоён сухан гӯям кам аст, зеро Шумо лоиыи арзандаи ҳамаи суханҳои нек ҳастед.

Дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон саҳми арзанда мегузоред.

Бигзор, Рӯзи Модар ба ҳар модарону бонувони азиз, хоҳарони меҳрубон хушрӯзиву саодатмандӣ насиб гардонад!

    

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.