Паёми табрикотии Раиси ноҳия  Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон!

 5 725 боздид

Ҷавонони азиз!

Созандагони Ватан!

Ҳамаи Шуморо, ки дар асл бақои давлату миллат ва созанди фардои Ватани маҳбубу  соҳибистиқлол ва халқи азизамон ҳастед, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки бисту сеюми майи ҳар сол дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан ҷашн гирифта мешавад, муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, иқболи нек ва хушиҳои умрро таманно дорам.

Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб зери роҳбариву пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон ҳамчун насли шоистаи замон ва нерӯи созандаву тавоно таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст.

Имрӯз ҷавонони мо такягоҳ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз иродаву садоқат ва кӯшишу талошҳои  ҷавонпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иқдомҳои шоистаи ҷавонон ва ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони саодатманди кишвар муваффақона дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат сарбаландона фаъолият намуда истодаанд. Зеро, Ҳукумати кишвар тамоми шароитро барои насли ояндасозу ватанпараст ҷиҳати зиндагиву фаъолияти шоиста муҳайё сохтааст.

Аз ҷумла, таъсиси стипендияи Президент барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, квотаи Президент барои таҳсили духтарону ҷавонони ноҳияҳои дурдаст дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҷоизаи Президенти кишвар ба ғолибону ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва ба ин монанд номгӯи таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба қишри фаъоли ҷомеаро метавон номбар кард.

Имсол низ бо мақсади дар фазои сулҳу дӯстӣ ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди ҷавонон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои “Моҳвораи ҷавонон” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки дар доираи он дар ноҳия даҳҳо чорабинии фарҳангию фароғатӣ ва маърифатию варзишӣ доир шуда истодаанд.

Ҷавонони хушбахту хушиқбол!

Ватандорию ватанпарастӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи инсонӣ буда, нафареро, ки Ватан-Модарро азизу гиромӣ медорад, беҳтарин инсон номидан ҷоиз аст.

Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми шумо-ҷавонон бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳед.

Аз ин лиҳоз, мо ҷавонон бояд пеш аз ҳама ватандӯсту меҳанпараст, баору номус, қавииродаву шуҷоатманд бошем ва дар иҷрои қарзи худ, яке аз уҳдадориҳои шаҳрвандии худ, яъне хизмати ҳарбӣ намудан пешсафу масъул бошем.

Бовар дорам, ки Шумо-ҷавонони саодатманди диёр аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед, арзишҳои миллиро ҳифз мекунед, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя намуда ва минбаъд низ дар ҷодаи ободу зебо гардонидани диёр содиқона хизмат менамоед.

Бо ҳамин орзуи ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо-созандагони имрӯзу фардои Ватанро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тандурустӣ, хушбахтӣ иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонон муборак!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.