ПЕШБАРИИ НОМЗАДҲОИ АРЗАНДА

 152 боздид

Имруз дар толори Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов конференсияи 26-уми ҲХДТ дар ноҳияи Ашт баргузор шуд. Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Баҳриддин Зиёӣ конференсияро оғоз намуд. Қайд карда шуд, тибқи талаботи Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” имкон дорем, ки номзадҳои худро ба вакилии Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт пешбарӣ намоем.

Ҳамин тариқ, мутобиқи рӯзномаи якуми конференсия 4 нафар номзадҳо бо назардошти малакаву таҷриба ва донишу ташкилотчигӣ, мавқеъ дар ҷомеа ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешбарӣ карда шуданд.

Мақсудҷонов Бахтиёр Салоҳиддинович—сардори хоҷагии деҳқонии “Салоҳиддин” аз ҳавзаи интихоботии Понғоз №41, Муллоҷонова Дилафрӯз Рустамовна—директори гимназияи №1, аз ҳавзаи интихоботии Шайдон №42, Мамадҷонов Шуҳратҷон Манзуралиевич—сардори ҶДММ ширкати сохтмонии “Рахшона”, аз ҳавзаи интихоботии Марҳамат №43 ва Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ—Раиси ноҳияи Ашт, аз ҳавзаи интихоботии Дӯстӣ №44 ба сифати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешбарӣ гардиданд. Шарҳи ҳоли номзадҳои пешниҳодгардида аз ҷониби раисикунандаи конференсия Баҳриддин Зиёӣ қироат карда шуд.  Номзадҳои пешбаригардида аз тарафи вакилони конференсия бо як овоз пазируфта шуданд ва ҷиҳати масоили баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи конференсия “Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт” як нафарӣ номзадҳо ба 40 ҳавзаҳои интихоботӣ пешниҳод ва бо як овоз пешбарӣ гаштанд.

Дар анҷоми конференсия Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи сиёсии дарпешистода, яъне интихобот, тибқи масъалаҳои ҳалталаби рӯз омода намудани барномаҳои пешазинтихоботӣ, дастгирии вакилоне, ки аз ҷинси латиф пешбарӣ шуданд, устуворӣ зоҳир намудан дар мавқеи интихобкарда андешаҳояшро бозгӯ намуд.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.