ПЕШБАРИИ НОМЗАДИ АРЗАНДА

 168 боздид

Санаи 13 январи соли равон дар толори Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов конференсияи 26-уми ҲХДТ дар ноҳияи Ашт таҳти раёсати муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд А.Шарифзода баргузор шуд. Дар конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи  Ашт №17 баррасӣ гардид.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёӣ Баҳриддин ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи  Ашт №17 номзад пешбарӣ карда шуд. Таклиф якдилона тарафдорӣ гардид.

Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи  Ашт №17 Б.Зиёӣ аз ҷониби ректори ДМТ, профессор Имомзода Сайдалӣ муаррифӣ карда шуд.

Оид ба фаъолияти босамари Б.Зиёӣ сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Р.Муҳаммадиев ва раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия З.Мамадҷонов сухан гуфтанд. Қайд карда шуд, ки Б.Зиёӣ аз солҳои аввали фаъолият ҳамчун мутахассиси хуб, ташкилотчӣ, фарди меҳнатдӯсту содиқ ба Ватан кор карда меояд. Фаъолияти кориашро соли 1997 ба ҳайси котиби комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати ноҳияи Ашт оғоз карда, дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият хизмат кардааст. Соли 2017 инҷониб раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт мебошад.

Вакилони конференсия тариқи овоздиҳии пинҳонӣ барои пешбарӣ намудани номзадии Баҳриддин Зиёӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи  Ашт №17 сад дар сад овоз доданд.

Конференсия қарор кард, Баҳриддин Зиёӣ—соли таваллудаш 1975, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, тахассусаш омӯзгор ва ҳуқуқшинос, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт  ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи  Ашт №17 номзад пешбарӣ карда шавад.

Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи  Ашт №17 Б.Зиёӣ ба сухан баромада, барои боварӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба кулли онҳое, ки ба ӯ эътимод карда, номзадиашро пешбарӣ намуданд, изҳори сипос намуд. Гуфт, дар сурати вакил интихоб шуданаш бо истифода аз нерӯи зеҳнӣ ва таҷрибааш ба нафъи халқу меҳани худ софдилонаву содиқона хизмат хоҳад кард.

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.