Соли ҷорӣ 57 нафар хонандагони синфҳои 11 муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия аз рӯи 13 фан ба даври вилоятии олимпиадаи хонандагон пешниҳод гардиданд. Дар ин бора аз шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ доданд.
Тавре Шермат Ҷамолов, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия иброз дошт, дар соли 2016 низ 57 нафар хонандагон дар даври вилоятии олимпиадаи хонандагон ширкат варзида буданд, ки аз ин миқдор 4 нафар ба даври ҷумҳуриявии он роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиада ду нафар хонандаи болаёқат сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Ш. Ҷамолов дар идома гуфт, соли 2016 як нафар хонандаи МТМУ №42 ҷамоати деҳоти Ашт мактабро аз рӯи равияи гуманитарӣ бо медали тилло хатм намуд.