Пойгоҳи обкашии АНС-1 аз лойқа тоза карда шуд. Дар ин бора аз идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия иттилоъ доданд.
Бо мақсади хубтар ба роҳ мондани обёрии заминҳои ноҳия дар соли 2017 тозакунии лойи пойгоҳи обкашии АНС-1 соли ҷорӣ нисбат ба солҳои қаблӣ барвақт оғоз гардид. Ҳамзамон обёрии заминҳои ноҳия назар ба солҳои қаблӣ, имсол пеш аз муҳлат ба роҳ монда мешавад.
Бо сабаби набудани имкониятҳои иқтисодӣ солҳои қаблӣ лойи пойгоҳи обкашии АНС-1 пурра тоза намегардид. Соли ҷорӣ имкон фароҳам гардид, ки тамоми лойи ин пойгоҳи обкашӣ тоза карда шавад.
Ҳамасола баробари омадани сел ба дарёи Сир ба пойгоҳҳои обкашии ноҳия лойи зиёд ворид мешавад. Соли равон дар пойгоҳҳои обкашии ноҳия зиёда аз 50 ҳазор метри мураббаъ лойқа таҳшин гардидааст.
Тозакунии лойи дигар пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳия идома дорад.