Чанде қабл дар ҷамоати деҳоти Понғоз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва ташаббуси сокинони ҷамоат ҳашари умумиҷамоавӣ баргузор гардид.
Бахтиёр Турсунов, раиси ҷамоати мазкур мегӯяд, зимни ҳашари умумиҷамоавӣ сокинон зарари аз офати табиӣ воридгаштаро бартараф карда, чанд селроҳаи зараррасонро безарарар гардониданд. 300 метр роҳи маҳаллаи Чамбарӣ, ки зимни омадани сел моҳи апрели соли ҷорӣ пурра вайрон гашта буд, қисман барқарор карда шуд. Бартарафсозии пайомади сел дар ҷамоат идома дорад.
Зимни ин ҳашар аз тарафи МИҲД-и ноҳия барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии 12-ум ба 18-уми апрел 1 тонна сӯзишворӣ тақдим карда шуд.